Баҳси ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар нишасти “Формати Маскав”

Ин нишаст рӯзи 7-уми октябр дар пойтахти Русия бо ширкати намояндаҳои Тоҷикистон,  Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон доир шуда, ҳайате аз Белорус ҳам ба унвони меҳмон дар он ҳузур доштааст. Дар нишаст ҳайати Толибон* таҳти раёсати Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷаи ин гурӯҳ ширкат кардааст. Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, амният ва […]

Asia-Plus

Ин нишаст рӯзи 7-уми октябр дар пойтахти Русия бо ширкати намояндаҳои Тоҷикистон,  Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон доир шуда, ҳайате аз Белорус ҳам ба унвони меҳмон дар он ҳузур доштааст.

Дар нишаст ҳайати Толибон* таҳти раёсати Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷаи ин гурӯҳ ширкат кардааст.

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, амният ва таҳдиди терроризм дар Афғонистон яке аз бахшҳои аслии баҳс дар нишасти "Формати Маскав" оид ба вазъи Афғонистон будааст.

Дар баёнияи муштараки ширкаткунандагони ин нишаст омадааст, ки аз Афғонистон барои иҷрои иқдоми муассир дар решакан кардани терроризм ҳимоят шавад, то хоки ин кишвар ба таҳдиде барои амнияти минтақа ва фаротар аз он табдил нагардад.

Амирхон Муттақӣ дар нишаст иддао кардааст, ки ҳеҷ гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳузур надорад ва ин гурӯҳҳо "берун“аз марзҳои Афғонистон” фаъолият мекунанд. Муттақӣ аз ҳеҷ кишваре ном набурда, танҳо гуфтааст, ки кишварҳои минтақа бояд иқдоми амалӣ анҷом диҳанд. Ӯ ҳузури гурӯҳи террористии "ДОИШ-и Хуросон" дар Афғонистонро ҳам рад кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи рӯзномаи “8 субҳ”, Андрей Белоусов, вазири дифои Русия чанде пеш гуфтааст, ҳудуди 20 гурӯҳи террористӣ бо 22 ҳазор ҷангҷӯ дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон ҳузур доранд.

Покистон, Русия, Чин ва Эрон низ аз ҳузури гурӯҳҳое чун “Ал-Қоида”*, ДОИШ*, “Таҳрики Толибони Покистон”*, “Ҷайш-ул-Адл”*, “Ҷунбиши озодихоҳи Балуҷистон”* ва “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Нишасти “Формати Маскав” чанде пас аз он баргузор шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар бораи талошҳо барои бозпас гирифтани пойгоҳи ҳавоии “Багром” дар Афғонистон ҳарф зад. Ин мавзуъъ дар изҳороти муштараки нишасти Маскав ҳам садо додааст.

Дар он гуфта мешавад, ширкаткунандагони “Формати Маскав” “талошҳои ҳар кишвар барои таъсиси зерсохтҳои низомӣ дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи онро ғайриқобили қабул медонанд, зеро ин гуна амал ба нафъи сулҳу субот дар минтақа нест".

Аз Тоҷикистон кӣ дар ин ҷаласа ширкат карда ва чӣ гуфтааст, маълум нест.

Бояд гуфт, ки нишасти Маскав дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд. Соли гузашта нишасти шашуми ин формат ҳам дар Маскав гузашта буд ва дар он сардори яке аз раёсатҳои ВКХ Тоҷикистон низ ширкат дошт

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи "Толибон" моҳи августи соли 2021 Афғонистонро ғасб карда, ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд ва чор сол мешавад, ки ҳукмронӣ доранд. То имрӯз ҳукумати ин гурӯҳро ба ҷуз Русия касе ба расмият нашинохтааст. Ҳарчанд бархе аз кишварҳои минтақа ба монанди Қазоқистон ва Қирғизистон "Толибон"-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ дар ин кишварҳо берун кардаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистонро талаб дорад. Талабе ки то ҳол бепосух мондааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.