Дар Туркманистон як зиндонии пешини сиёсӣ мехоҳад барои курсии президентӣ рақобат кунад

Гелдӣ Кяризов, зиндонии сиёсии пешини Туркманистон мехоҳад, барои нишастан дар курсии президентии он кишвар мубориза барад. Навори муроҷиати вай дар сомонаи созмони ҳомии ҳуқуқи "Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Туркманистон" нашр шуд. Ба гуфтаи Кяризов, вай баъди он чунин тасмим гирифтааст, ки писари президенти кунунии Туркманистон ба мақоми президентӣ номзад шудааст. Мухолифи ҳукумати Туркманистон гуфт, ӯро […]

centralasian.org

Гелдӣ Кяризов, зиндонии сиёсии пешини Туркманистон мехоҳад, барои нишастан дар курсии президентии он кишвар мубориза барад. Навори муроҷиати вай дар сомонаи созмони ҳомии ҳуқуқи "Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Туркманистон" нашр шуд.

Ба гуфтаи Кяризов, вай баъди он чунин тасмим гирифтааст, ки писари президенти кунунии Туркманистон ба мақоми президентӣ номзад шудааст.

Мухолифи ҳукумати Туркманистон гуфт, ӯро "ба таври меросӣ, мисли сулолаи фиръавнҳо" идора кардани кишвараш хашмгин кардааст.

"Амалан онҳо бештар аз як сол аст, ки кишварро идора мекунанд, ҳар кадоме қасри худ ва ҳавопаймои президентии худро дорад. Яъне, онҳо комилан кишварро тақсим кардаанд. Мо ҳамаи инро мебинем, аммо мутаассифона, бештари сокинони кишвар ба ин бовар намекунанд, он чи ҷараён дорад, ба ақлу қалби сокинон намеғунҷад", – гуфт Кяризов. Вай аз интихобкунандагон даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва дар якҷоягӣ "золим"-ро мағлуб созанд.

Гелдӣ Кяризов дар замони президентии Сафармурод Ниёзов вазари асп буд. Соли 2002 ӯро бо айби сӯистифода аз мақом ва қочоқи асп 6 сол зиндонӣ карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, парвандаи Кяризов ангезаи сиёсӣ дошт. Вай бештар аз 5 сол дар зиндон буд ва шиканҷа шуд. Соли 2007, баъди марги Ниёзов, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов Кяризовро афв кард. Вай танҳо дар соли 2015 имкон ёфт, ки Туркманистонро тарк кунад. Айни замон дар хориҷ аз Туркманистон зиндагӣ дорад.

Дар Туркманистон рӯзи 12 март интихоботи ғайринавбатӣ доир мешавад. Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов яке аз номзадҳои ин интихобот аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.