Як муфаттиши пулис дар Мастчоҳ бо ҷурми ришвахорӣ боздошт шудааст

Як муфаттиши Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора аз сӯйи Оҷнсии зидди фасод боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.  Аваз Шарафзода, сардори Раёсати Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар  дод. Шарафзода аз ин афсари боздоштшудаи пулис, муфаттиши шуъбаи тафтишотии РКД дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд […]

Як муфаттиши Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора аз сӯйи Оҷнсии зидди фасод боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. 

Аваз Шарафзода, сардори Раёсати Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар  дод.

Шарафзода аз ин афсари боздоштшудаи пулис, муфаттиши шуъбаи тафтишотии РКД дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Илҳом Умаров ном бурд, ки ҳангоми иҷрои вазифа ва зимни гирифтани пора боздошт шудааст.

“Илҳом Умаров Юнусович аз шаҳрванд Усаров зимни тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноии дар пешбурдаш қарор дошт рӯзҳои 8-9-уми июли соли 2021 барои иҷрои амал 9 ҳазор сомонӣ мегирад. Бори охирон ҳангоми гирифтани маблағи муайян аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дастгир шуд”,- гуфт, Аваз Шарафзода.

Сардори Раёсати Оҷонсӣ ҷузъиёти парвандаи муфаттиши пулисро шарҳ надод, ки вобаста ба кадом парвандаи ҷиноии дар пешбурдаш қарор дошта аз шаҳрванд пора гирифтааст.

Аммо мақомоти зиддифасод нисбати муфаттиш бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ “гирифтани пора” парванда боз кардааст.

Қисми 2-и ин моддаи Кодекси ҷиноӣ  гирифтани пора барои ҳаракати ғайриқонунии аз ҷониби шахси мансабдорропешбинӣ мекунад.

Дар асоси қонун алайҳи ин нафарон ҷарима ба андозаи аз 5 ҳазору 475 то 12 ҳазору 775 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайяншуда то панҷ сол ҷазо дода мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.