Роҳи Душанбе – Чаноқ барои ҳаракати нақлиёт боз аст, – IRS

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, ки пойтахтро бо қисмати шилоии кишвар пайваст мекунад, барқарор шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” сухангӯи филиали ширкати IRS Далер Абдулло хабар дод, айни замон ҳам мошинҳои сабукрав ва ҳам боркаши калонҳаҷм тариқи ин роҳ ҳаракат карда метавонанд. Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта ҳаракат бо ин […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, ки пойтахтро бо қисмати шилоии кишвар пайваст мекунад, барқарор шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” сухангӯи филиали ширкати IRS Далер Абдулло хабар дод, айни замон ҳам мошинҳои сабукрав ва ҳам боркаши калонҳаҷм тариқи ин роҳ ҳаракат карда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта ҳаракат бо ин роҳ бар асари тармафароиҳо баста шуда, рӯзҳои истироҳат низ ҳаракати воситаҳои нақлиёт гоҳе иҷоза мешуду гоҳе манъ.

Ба гуфтаи сухангӯи филиали ширкат, рӯзҳои истироҳат ин роҳ ба сурати умум ба муддати панҷ соат баста шуда, давоми ду рӯз 16 тарма фаромадааст, ки 6-тоаш калон буданд ва асосан дар ағбаи Шаҳристон ба қайд гирифта шудаанд.

“Ҳолатҳое буд, ки дар як километр то панҷ тарма фаромад, аз ҷумла дар километри 156-ум чунин буд”, – иброз дошт Абдулло.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 12 то 16 март дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ монда, боридани барфу борон, раъду барқ ва жола дар назар аст.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кард, ки дар ин гуна рӯзҳо аз сафарҳои безарурат, рафтан ба мавзеъҳои тармафаро, кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикоргоҳ ва чорвочаронӣ худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.