ВКД ҳодисаи занозании гурӯҳӣ байни тоҷикону қирғизҳоро дар Русия пайгирӣ мекунад

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтои русиягии худ даъват намуд, ки ҳодисаи занозании гурӯҳиро байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз пайгирӣ намояд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорат. “Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вобаста ба ҳодисаи занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки 8-9-уми марти соли 2022 дар корхонаҳои […]

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтои русиягии худ даъват намуд, ки ҳодисаи занозании гурӯҳиро байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз пайгирӣ намояд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорат.

“Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вобаста ба ҳодисаи занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки 8-9-уми марти соли 2022 дар корхонаҳои бузурги корхонаи коркарди гази Амур ва Маҷмаи гази кимиёвии Амур рӯй дод, ба вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Колоколтсев В.А. ҷиҳати сари вақт мавриди тафтиш ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани ин ҳодиса барқия ирсол намуд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, инчунин, намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП), генерал-майори милитсия Абдусаттор Фатозода ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ машғул аст, вазифадор карда шуд, ки бо ҳамтоёни худ дар Русия дар алоқа бошад ва ба рафти тафтишот кӯмак расонад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 8-9 март дар майдони сохтмони корхонаи коркарди гази Амурск, ки дар наздикии шаҳри Благовешенск воқеъ аст, байни муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон занозании гурӯҳӣ рух дод.

Дар навори видеои ҳодиса дида мешуд, ки даҳҳо нафар коргарон бо сарулибоси бинокорӣ бо ҳам занозанӣ ва доду фарёд мекунанд. Тибқи баъзе маълумот, дар ин ҷанҷол тақрибан 500 нафар иштирок кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.