Даргузашти Илҳом Мадализода, рӯзноманигор ва поягузори нашрияи “Соҳил” дар Суғд

Илҳом Мадализода, поягузори нахустин нашрияи “Соҳил”-и ҳукуматии шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин)  субҳи имрӯз, 14-уми март дар синни 61-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Ӯ то лаҳзаи вафоташ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи шаҳрдории Гулистон буд. Аз ҳукумати шаҳри Гулистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Илҳом Мадализода як моҳи ахир аз бемории гурда азият мекашид ва […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Илҳом Мадализода, поягузори нахустин нашрияи “Соҳил”-и ҳукуматии шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин)  субҳи имрӯз, 14-уми март дар синни 61-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Ӯ то лаҳзаи вафоташ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи шаҳрдории Гулистон буд.

Аз ҳукумати шаҳри Гулистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Илҳом Мадализода як моҳи ахир аз бемории гурда азият мекашид ва ин беморӣ дар ниҳоят ӯро аз миёни мо рабурд.

Мадализода 1-уми сентябри соли 1960 дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон таваллуд шуда, соли 1982 риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда буд.

Бо ташаббуси ӯ, 11-уми марти соли 1998 дар шаҳри Гулистон нахустин рӯзномаи расмии ин шаҳр бо ном “Соҳил” таъсис ёфт ва Илҳом Мадализода то соли 2012 вазифаи сармуҳарририи онро ба дӯш дошт.

Ӯ ҳамзамон дар солҳои 1995-1998 муовини директори ширкати телевизиони “Темурмалик” буд. Мадализода ҳамчунин дар ин шаҳри саноатии шимолии Тоҷикистон маҳфили адабии “Илҳом”-ро ташкил карда буд, ки бо ҷалби адибону суханшиносон мавзуъҳои адабиву фарҳангиро ба мухлисони калом тавзеҳ медоданд.

Илҳом Мадализода муаллифи китобҳои “Ашки шабнам” (2000), “Ватанам Тоҷикистон” (2003), “Садои мусофирӣ” (2010), “Кашфиёт” (2014) ва “Гули илҳом” мебошад.

Дар солҳои 90-уми қарни гузашта, масъулияти сардабирии рӯзномаҳои “Ганҷбахш”, “Суғдиён-медикор-777” ва “Барқчӣ” ва баъдан муовинати сардабирию котиби масъули рӯзномаи “Сухани халқ”, сармуҳаррири рӯзномаи “Маъданшиноси”-и Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) -ро ба дӯш доштааст.

То рӯзи марг, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистонро дошт ва дар оғози солҳои 2000-ум  котиби кумитаи иҷроияи шӯрои намояндагони халқи шаҳри он вақта Қайроққум буд. Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.