Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд барқарор шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгари Душанбе-Хуҷанд, ки бар асари фаромадани тармаи калон боздошта шуда буд, аз ҳар ду самт барқарор карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули хидматрасониву коршоям нигоҳ доштани роҳ аст, хабар доданд. Ба гуфтаи сухангӯи филиали ширкат Далери Абдулло, айни замон оқибатҳои тармаҳои калони дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгари Душанбе-Хуҷанд, ки бар асари фаромадани тармаи калон боздошта шуда буд, аз ҳар ду самт барқарор карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули хидматрасониву коршоям нигоҳ доштани роҳ аст, хабар доданд.

Ба гуфтаи сухангӯи филиали ширкат Далери Абдулло, айни замон оқибатҳои тармаҳои калони дар километрҳои 67 ва 68-уми роҳи автомобилгард фаромада бартараф карда шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳамаи навъи воситаҳои нақлиёт тариқи ин роҳи мошингард ҳаоракат карла метавонанд.

Қобили зикр аст, ки барои бартараф намудани оқибатҳои тарма 10 мошини махсуси IRS ва дгар хадамоти масъул сафарбар шуданд.

Боришоти зиёд дар қаламрави кишвар ва гармии рӯзҳои ахир хавфи фаромадани тармаву сел ва сангрезаро ба вуҷуд меоранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки рӯзҳои наздик аз сафар ба мавзеи кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёриву эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.

Дар ҳолати ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани ягон ҳодисаи нохуш шаҳрвнадон метавонанд ба телефонҳои навбатдори фаврии КҲФ бо рақамҳои зерин муроҷиат кунанд: 93-880-28-19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.