Тоҷикистон 2 ҳазору 285 нафарро мамнуъулхуруҷ кардааст

Дар соли 2021 Хадамоти иҷрои Тоҷикистон бо сабаби қарздорӣ 2285 шаҳрвандро мамнуъулхуруҷ кардааст, ки дар натиҷа, 49 қарздор сарҳади кишварро убур карда натавониста, беш аз 487 ҳазор сомонӣ қарзи худро ба давлат пардохт карданд. Дар ин бора сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Барно Саидвализода имрӯз, 30 март баъди ҷаласаи парлумонӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод. […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар соли 2021 Хадамоти иҷрои Тоҷикистон бо сабаби қарздорӣ 2285 шаҳрвандро мамнуъулхуруҷ кардааст, ки дар натиҷа, 49 қарздор сарҳади кишварро убур карда натавониста, беш аз 487 ҳазор сомонӣ қарзи худро ба давлат пардохт карданд.

Дар ин бора сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Барно Саидвализода имрӯз, 30 март баъди ҷаласаи парлумонӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод.

Номбурда гуфт, ҳамчунин, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он дар соли 2021 –ум 3471 шахси воқеӣ ва 184 шахси ҳуқуқӣ ба феҳрести қарздорони Хадамоти иҷро ворид карда шуданд.

Ӯ афзуд, дар соли 2021 беш аз 48 ҳазор қарори додгоҳӣ, ки аз сӯи шаҳрвандон ихтиёрӣ иҷро нашуд, бо ирсоли варақаи иҷро аз сӯи додрасҳо вориди Хадамоти иҷро гардид ва бештар аз 80 дарсади чунин қарорҳо бо мусоидати ин ниҳод амалӣ шудаанд.

– Вақте ҳукми додгоҳ аз як тарафи баҳс ихтиёран иҷро намешавад, аз сӯи додгоҳ ба Хадамоти иҷро варақаи иҷро пешниҳод мешавад ва ба хадамот онро асос карда иҷборан қарори додгоҳро амалӣ мегардонад. Яъне беш аз 48 ҳазор қарори додгоҳӣ, ки ихтиёрӣ аз сӯи тарафҳо иҷро нашуд, ба дасти хадамот расид ва мо кӯшиш намуда истодаем, ки онҳоро иҷборан амалӣ намоем, – гуфт роҳбари Хадамоти иҷро.

Қонуни истеҳсолоти иҷро ғафстар мешавад

Барно Саидвализода, ки имрӯз, дар ҳузури вакилони парлумон лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷроро муаррифӣ мекард, гуфт, қонуни нав як қатор уҳдадориҳои навро ба кормандони хадамоти иҷро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, онҳо имкон пайдо мекунанд, ки иҷрои санадҳои мансабдоронро назорат кунанд. Чизе ки ба гуфтаи ӯ, дар қонуни пешинаи ислоҳоти иҷро набуд.

Сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфт, ки қонуни нав аз ҷиҳати ҳаҷм, матн, танзими муносибатҳо ва услуби забонӣ аз қонуни пешина фарқкунанда буда, дар асоси таҷрибаи 13 солаи қонуни пештара омода шудааст.

Ӯ гуфт, аз ҷумла, дар қонуни нав бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ, пешгирии оқибатҳои номатлубӣ он, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ  масъалаҳои мувақатан аз кишвар берун нарафтан қарздор ва тартиби ворид намудани қарздорон ба феҳрести ягонаи қарздорони Хадамот пурра таҷдиди назар шудааст.

Ҳамчунин, ба таъкиди Саидвализода тибқи лоиҳаи қонуни нав минбаъд иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба зимаи иҷрочиёни мақомоти иҷро вогузор карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки қонуни пешина дар бораи ислоҳти иҷро моҳи марти соли 2008 қабул шуда, ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.