Ҳудуди 90 хонавода дар вилояти Хатлон ба кӯчонидан аз макони хавфнок ниёз доранд

Соли равон аз макони хавфнок ба ҷойи дигар кӯчонидани 222 хонавода дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла 88 хонавода аз вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. Ба гуфтаи ӯ, айни замон кормандони Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар қаламрави […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Соли равон аз макони хавфнок ба ҷойи дигар кӯчонидани 222 хонавода дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла 88 хонавода аз вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон кормандони Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар қаламрави ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Вахш, Шамсиддини Шоҳин ва Кӯшониён дар қитъаҳои хатарноки дарёву сой ва наҳрҳо корҳои соҳилмустаҳамкунӣ мегузаронанд.

Дар доираи он корҳои чуқуру мустаҳкам ва тозакунии маҷрои дарёҳо, инчунин дар як қатор ҷамоатҳои ноҳияҳо тоза кардани иншооти обрасон аз партовҳо анҷом дода шуданд.

Ҳамчунин кормандони Кумита байни аҳолӣ оид ба омодагӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Тибқи маълумоти КҲФ, соли 2021 бар асари ҳолатҳои фавқулода ҳамагӣ 1274 хона, аз ҷумла 257-то пурра ва 36 манзил қисман осеб диданд.

Ҳаҷми умумии зарар аз офатҳои табиӣ дар соли 2021 зиёда аз 141 млн сомониро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи марти соли равон Бонки ҷаҳонӣ татбиқи грантро ба маблағи 50 млн доллар дар доираи Лоиҳаи тақвияти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон маъқул шуморид.

Кумаки бебозгашт аз ҳисоби Асссотсиатсияи байнулмилалии рушд барои “таҳкими устувории зербинои калидӣ ба хавфҳои табиӣ, беҳбуди тадбирҳо бобати сабуксозии хавфҳои марбут ба иқлим ва тақвияти имконоти миллӣ дар бахши идоракунии хавфҳои офат ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудааст.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли таъкид дошта буд, ки ин кумак аҳамияти муҳим дорад, зеро барои ҳифзи одамон, сарчашмаҳои даромад ва зерсохтор ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда ёрӣ мерасонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.