Соли 2021 ҳамарӯза ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русия гирифтаанд

Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Русия, соли 2021 шумори рекордии тоҷикистониён – 103 ҳазору 681 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба шиносномаи Русия соҳиб шудаанд, дар муқоиса бо соли 2020 (63 ҳазору 681 нафар) ба миқдори 63,5% афзудааст. Агар теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Русия, соли 2021 шумори рекордии тоҷикистониён – 103 ҳазору 681 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба шиносномаи Русия соҳиб шудаанд, дар муқоиса бо соли 2020 (63 ҳазору 681 нафар) ба миқдори 63,5% афзудааст.

Агар теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба соли тақвимӣ тақсим шавад, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 288 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.

Ҳамчунин тибқи ҳисоботи ВКД Русия, 96,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар ин кишварро доранд. Ин маънои онро дорад, ки ба наздикӣ онҳо ҳам эҳтимол шаҳрванди Русия шаванд. Боз 47 ҳазору 46 тоҷикистонӣ Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) дар Русияро доранд, ки қадами аввал ба соҳиб шудани шаҳрвандии Русия мебошад.

Ба сурати умум, соли гузашта 735,4 ҳазор хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар панҷгонаи аввали кишварҳое, ки сокинони онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дар зинаи аввал Украина ҷой гирифтааст, ки 375 ҳазору 989 нафар сокинони ин давлат ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудаанд. Соли гузашта ба 49 ҳазору 862 шаҳрванди Қазоқистон (зинаи 3-юм), 46 ҳазору 931 шаҳрванди Арманистон ва 31 ҳазору 867 шаҳрванди Ӯзбекистон низ шаҳрвандии Русия дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.