Русия дипломати Толибонро ба унвони кордори муваққати Афғонистон ба расмият шинохт

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки ин вазорат ёддошти хаттии фиристода ба сафорати Афғонистон дар робита ба инро, ки Маскав кордори муаррифишуда аз сӯйи давлати муваққати Толибонро ба расмият мешиносад. Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Дар моҳи феврал нахустин дипломати афғони фиристода аз сӯйи Толибон вориди Маскав шуд. […]

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки ин вазорат ёддошти хаттии фиристода ба сафорати Афғонистон дар робита ба инро, ки Маскав кордори муаррифишуда аз сӯйи давлати муваққати Толибонро ба расмият мешиносад.

Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Дар моҳи феврал нахустин дипломати афғони фиристода аз сӯйи Толибон вориди Маскав шуд. Дар моҳи март вай таъйиди салоҳият шуд ва охирҳои моҳи март Вазорати хориҷаи Афғонистон аз итмоми маъмурияти Саид Тайиб Ҷавод ва таъйини Ҷамол Ғурвор ба унвони кордори муваққати Афғонистон дар Маскав хабар дод.

"Шашуми апрел, Вазорати хориҷаи Русия дархости хаттӣ дар робита ба пазириши расмии мақоми ин дипломати афғонистониро ба унвони кордори Афғонистон дар Маскав барои сафорати Афғонистон фиристод, ки ин иқдомро гоме дар ҷиҳати эҳёи равобити комили дипломатик медонем", – иброз дошт Захарова.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шаҳри Тунсии Чин вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки Маскав ба нахустин дипломати афғон аз ҳукумати Толибон акредитатсия дод.

Ба гуфтаи Сергей Лавров, бо вуҷуди надоштани таҷрубаи идоракунӣ, маҳдудиятҳои моливу иқтисодӣ ва фишори низомиву сиёсии Амрико ва муттаҳидонаш, маъмурияти нави Афғонистон дар маҷмӯъ тавонистааст ҳукуматро дар ҳоли ҳозир нигоҳ дорад.

Ӯ зикр карда буд, ки дар бахши мубориза бо терроризм натиҷаи мусбати муайян ба назар расида, дар самти эҳтироми ҳуқуқи инсон низ талошҳо ба харҷ дода мешаванд.

“Кобул барои тавсеаи равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ фаъол аст, – гуфта буд вазири умури хориҷаи Русия. – Мо ба роҳ мондани тадриҷи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои минтақа, ки сохторҳои тиҷоратии онҳо ба Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳамаи ин робитаҳо, албатта, ба эътирофи байналмилалии ҳукумати нави Афғонистон  мусоидат мекунанд”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.