Дар 3 моҳ беш аз 60 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия баргаштаанд. 156,3 ҳазори дигар дар рӯихати “сиёҳ” – и Русия

Дар семоҳаи аввали соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон 60 ҳазору 337 муҳоҷири тоҷик баргаштаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,6 маротиба зиёд будааст. Шумораи муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин сол ба Русия рафтаанд 106 ҳазору 132 нафар гуфта мешавад. Шумораи нафарони ба муҳоҷиратрафта 3,1 маротиба бештар будааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт […]

Дар семоҳаи аввали соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон 60 ҳазору 337 муҳоҷири тоҷик баргаштаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,6 маротиба зиёд будааст. Шумораи муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин сол ба Русия рафтаанд 106 ҳазору 132 нафар гуфта мешавад.

Шумораи нафарони ба муҳоҷиратрафта 3,1 маротиба бештар будааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  ба “Азия – Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра, 51 ҳазору 846 мард аз Русия ба ватан баргаштаанд, ки ин нисбат ба соли 2021 2,8 маротиба зиёд аст. Шумораи занҳое, ки ба Тоҷикистон омадаанд 8491 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 77 дарсад зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра 2611 муҳоҷири тоҷик, ки иҷозаи сафар ба Русияро надоштанд, аз сафар баргардонида шуданд, ки аз ин 2420 мард ва 191 зан будаанд.

Ба иттилои манбаъи мо, то охири соли 2021 воридшавии 156 ҳазору 392 муҳоҷири тоҷик ба Русия барои солҳои гуногун манъ шудааст ва онҳо иҷозаи рафтан ба ин кишварро надоранд.

Зиёда аз 2,5 маротиба зиёд баргаштани муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар ҳолест, ки шурӯъ аз 24 феврали соли равон  ҷанги Русия дар Укроин идома дорад ва он ба вазъи кори муҳоҷирон таъсири амиқ расонид. Аз ҷумла, дар натиҷаи таҳрими кишварҳои аврупоӣ болои Русия бештари ширкатҳои борнуфузи тиҷоратӣ фаъолияти худро дар ин кишвар қатъ карданд.

Дар ҳамин ҳол, охири моҳи март қурби рубл дар баробари сомонӣ якбора поин шуд, ки ин беихтиёр ба вазъи оилаҳои муҳоҷирон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳарчанд дар ин авохир қурби рубли русӣ рӯ ба боло дорад, аммо муҳоҷирон аз мушкили корёбӣ ва аз хатарҳои аз даст додани ҷойи корашон шикоят доранд.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекунанд ва маблағи интиқолии онҳо чархаи асосии иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.