“Сомон Эйр” парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Алмато зиёд мекунад

Аз ҳафтаи оянда, 2 май ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумори парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Алмато ва бозпас аз он ҷо зиёд карда, акнун дар як ҳафта ба ин самт ду парвоз анҷом медиҳад. Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад, парвозҳо рӯзҳои душанбе ва чоршанбе иҷро карда мешаванд. “Рӯзҳои душанбе вақти парвоз аз Душанбе – соати […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аз ҳафтаи оянда, 2 май ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумори парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Алмато ва бозпас аз он ҷо зиёд карда, акнун дар як ҳафта ба ин самт ду парвоз анҷом медиҳад.

Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад, парвозҳо рӯзҳои душанбе ва чоршанбе иҷро карда мешаванд.

“Рӯзҳои душанбе вақти парвоз аз Душанбе – соати 11:30, аз Алмато ба Душанбе – соати 15:35; рӯзҳои чоршанбе вақти парвоз аз Душанбе – соати 10:00 ва аз Алмато – соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ”, – зикр мешавад дар хабари ширкат.

Гуфта мешавад, барои парвоз ба Алмато мусофирон бояд маълумотнома (справка)-и ПСР-тестро бо натиҷаи манфии сироят аз COVID-19 (амалкунанда дар давоми 3 шабонарӯз аз замони гирифтани тест то расидан ба Қазоқистон) бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод намоянд. Барои кӯдакони синни то 5-сола маълумотнома талаб намешавад.

 “Дар самти бозпас аз он ҷо ба мусофирони хатсайрҳои “Сомон Эйр” пешниҳод кардани гувоҳномаи пурра ё қисман гузаштан аз ваксингирӣ зидди коронавирус кофист. Агар чунин гувоҳнома набошад, мусофирон бояд маълумотнома (справка)-и тести ПСР бо натиҷаи манфӣ аз COVID-19-ро, ки на дертар аз 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Барои кӯдакони синни то 5-сола маълумотнома талаб намешавад”, – хабар медиҳад ширкат.

Дар сомонаи расмии ширкати “Сомон Эйр” арзиши билет ба хатсайри Душанбе-Алмато дар рӯзи 2 май 192 евро (2 ҳазору 558 сомонӣ) ва Алмато-Душанбе – 66 евро (879 сомонӣ) зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки то ин дам ҳар ҳафта ширкатҳои “Сомон Эйр” рӯзи чоршанбе ва “Air Astana” – рӯзи якшанбе бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе 1-парвозӣ анҷом медоданд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Агентии авиатсияи гражданӣ, чанде пеш инчунин шумори парвозҳо бо хатсайрҳои Душанбе-Дубай-Душанбе, Душанбе-Истанбул-Душанбе, Душанбе-Тошканд-Душанбе ва Душанбе – шаҳрҳои гуногуни Русия зиёд карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.