Иди Рамазон дар Тоҷикистон 2 май таҷлил мешавад

Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 2 май таҷлил мешавад. Ин тасмим дар пайи нишасти Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, ки имрӯз, 27 апрел баргузор шуд, гирифта шудааст. Намози ид бар асоси қарори Шӯрои уламо рӯзи 2 май соати 6:00 дар тамоми масоҷиди шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи дин, анъана ва ҷашну […]

Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 2 май таҷлил мешавад. Ин тасмим дар пайи нишасти Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, ки имрӯз, 27 апрел баргузор шуд, гирифта шудааст.

Намози ид бар асоси қарори Шӯрои уламо рӯзи 2 май соати 6:00 дар тамоми масоҷиди шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Афшини Муқим, дар нишаст гуфта шуд, ки имомхатибон вазифадор шудаанд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намоянд.

Инчунин, фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.

Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 2 апрел  оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта он даҳаи дуюми моҳи апрел оғоз гардида буд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.