Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ИННОПРОМ”-и Тошканд кадом маҳсулотро муаррифӣ кард?

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 25 апрел Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ифтитоҳ гардида, ҳайати Тоҷикистонро дар он вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир раҳбарӣ мекунад. Тавре ки бахши котиботи Вазорати саноат хабар медиҳад, барои ширкат дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 200 ширкати хориҷӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои ИДМ, Фаронса, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Ирландия […]

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 25 апрел Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ифтитоҳ гардида, ҳайати Тоҷикистонро дар он вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир раҳбарӣ мекунад.

Тавре ки бахши котиботи Вазорати саноат хабар медиҳад, барои ширкат дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 200 ширкати хориҷӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои ИДМ, Фаронса, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Ирландия ва Ҷопон сабти ном шудаанд. Инчунин ҳайатҳои расмӣ, аз ҷумла аз Русия, Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Муғулистон иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, иқтидори саноатии Тоҷикистонро  дар намоишгоҳи байналмилалии  саноатии «ИННОПРОМ», зиёда аз  28 корхона, аз ҷумла «ТАЛКО», «Хуаксин семент», «Зиркон», «Фон- Ягноб»,  «Ғалла»,  «Рухом», «Асрори санг», «Вахдат текстайлз», «Ҷунтай Данғара Синсилу Текстайл», «Сифат саноат», «Атласи Хуҷанд», «Колинҳои Қайроққум», ҶCК  «Гулистони Душанбе», «Амирӣ», «Оби зулол», «Сиёма», «Фасонак», «Ҷавонӣ», «Пиллаи Тоҷик», «Лаъл», «Акия Авесто»,  «Норд Азия Металл», «Зарри Суғд» ва дигароҳо муаррифӣ доранд.

Намоишгоҳи байналмилалии  саноатии «ИННОПРОМ»  бо баргузории ҷаласаи асосии «Осиёи Марказӣ: фазои пешрафти технологӣ» бо иштироки муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон Сардор Умурзоқов, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров, вазири саноати Беларус Петр Пархомчик ва вазири иқтисоди Арманистон Ваган Керобян ифтитоҳ  ёфт.

Имрӯз охирин рӯзи кори намоишгоҳ буда, аз ин навор бо ҷараёни баргузории намоишгоҳ ва чӣ гуна будани гӯшаи Тоҷикистон дар он шинос шуда метавонед.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҷараёни баргузории Намоишгоҳи байналмилалии  саноатии «ИННОПРОМ» ,  ки  се рӯз идома  меёбад, ҷиҳати густариш додани  ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ, саноатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои нави корӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ миёни корхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои хориҷи кишвар  пурмуҳтаво суханронӣ намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.