Рӯзҳои истироҳат ҳаво дар Тоҷикистон боронӣ мешавад

Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор дар назар аст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад. Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеи марказ ва вилотяҳои Суғду Хатлон боришоти щадид, раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар бархе аз ноҳияҳо суръати шамол то 17-22 м/с пурзӯр шуда, […]

Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор дар назар аст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеи марказ ва вилотяҳои Суғду Хатлон боришоти щадид, раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар бархе аз ноҳияҳо суръати шамол то 17-22 м/с пурзӯр шуда, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Хавфи осеб дидан аз шарораи раъду барқ вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳии кишвар фаромадани селу ярч ва тармаву сангреза имкон дорад.

Ҳарорат дар водиҳо то 10-12 дараҷа поин мефарояд. Рӯзҳои 21-23 май дар доманакӯҳ ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, вилояти Суғд ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон обуҳавошиносон селфароиҳоро пешгӯӣ мекунанд.

Рӯзҳои 22-23 май бар асари боришоти зиёд дар рӯдхонаҳои доманаи қаторкӯҳи Хисор, дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Ба хотири ҳифзи хонаву қитъаҳои надиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел, Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳрҳои назди хонаашонро тоза кунанд.

Ғайр аз ин, Кумита огоҳ мекунад, ки обуҳавои номусоид метавонад ба осеби симчӯбҳои интиқоли барқ, афтодани дарахтон, зарар дидани боми хонаҳо, сохторҳои васеи лавҳаҳои рекаламавӣ боис гардид.

Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост мекунад, ки чораҳои шахсии бехатариро риоя намуда, то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.

Зикр мешавад, ки дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда шаҳрвандон тариқи телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва 93 880 28 19 муроҷиат карда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.