Дар Суғд чанд нафарро барои лалмӣ кардани заминҳои обӣ парванда кардаанд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Мақомоти додситонии Суғд даҳҳо ҳазор гекатр заминҳои обиро ошкор кардаанд, ки ба замини лалмӣ табдил ёфта, қисме аз заминҳоро хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондан таҳдид мекунад. Додситонӣ мегӯяд, ин заминҳо бинобар норасоии оби полезӣ ва корношоямии шабакаҳои обёрӣ дучори ин вазъ шудаанд. Дар пайванд ба ин, чанд нафар ба ҷавобгарии интизомиву маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида […]

Мақомоти додситонии Суғд даҳҳо ҳазор гекатр заминҳои обиро ошкор кардаанд, ки ба замини лалмӣ табдил ёфта, қисме аз заминҳоро хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондан таҳдид мекунад. Додситонӣ мегӯяд, ин заминҳо бинобар норасоии оби полезӣ ва корношоямии шабакаҳои обёрӣ дучори ин вазъ шудаанд.

Дар пайванд ба ин, чанд нафар ба ҷавобгарии интизомиву маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида шудаанд.

Ба иттилои додситонии вилояти Суғд дар як маҷлиси васеи ҳайати мушовара, ки онро Фурқат Хоҷазода, додситони вилоят роҳбарӣ мекард, мавзуйи иҷрои қонунгузории заминро баррасӣ кардаанд. Ин мавзуй бо ҳузури раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони идораҳои замин, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ ва дигар мақомоти масъули давлатӣ ба баррасӣ кашида шудааст.

Аз додситонии Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, зимни санҷиш муайян кардаанд, ки 3 ҳазор гектар  заминҳои обӣ ҳамчун замини лалмӣ мавриди истифода қарор дошта, ба зиёда аз 2 ҳазор гектар заминҳо хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондан таҳдид мекунад.

Манбаъ мегӯяд, ин заминҳо бинобар норасоии оби полезӣ, корношоямии шабакаҳои обкашӣ ва обрасонӣ ба чунин ҳол дучор шудаанд.

Инчунин 150 ҳазор гектар заминҳои чарогоҳ муайян шудааст, дар ҳолати таназзул ва фарсоиш шудан қарор доранд.

“Зимни санҷиши асоснокии ҳисоботи оморӣ ва воқеияти маълумотҳо вобаста ба кишти зироати кишоварзӣ ҳолатҳои пешниҳоди ҳисоботи таҳрифшуда оид ба кишти картошка, шолӣ ва пахта ошкор карда шуда, нисбати шахсони гунагоҳгор муҷозотҳои маъмурӣ ва интизомӣ татбиқ карда шудаанд”,-омадааст дар хабарномаи додситонӣ.

Мақомот мегӯяд, дар фаъолияти КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои Суғд камбудиҳои ҷиддӣ ошкор карда шуд. Ин корхона корҳои барасмиятдарорӣ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ва ҳуқуқи истифодаи заминро анҷом медиҳанд ва бино ба таъкиди додситонӣ “кор дар ин мақомот беҳбудиро талаб менамояд”.

Додситонӣ гуфтааст, дар фаъолияти саҳмдорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ тақсимоти ғайриқонунӣ ва хариду фурўши заминҳои дар истифода қарордошта ошкор шуда раисони ҷамоату шаҳраку деҳот ва нозирони минтақавии мақомоти милитсия бо додситонҳо ҳамкории мутақобиларо ба роҳ намондаанд.

Додситонии вилояти Суғд дар самти қонунгузории замин ва қонунвайронкуниҳои ошкоргардида алайҳи 291 кас парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда 571 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ ва 2389 каси дигарро ба ҷавобгарии  маъмурӣ кашидааст. Инчунин ба 402 қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуда дар натиҷаи он 9656 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғол ва ғайриқонунӣ вобасташуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...