Дар Тоҷикистон бештар ба телевизион бовар доранду онро тамошо мекунанд

Дар Душанбе таҳқиқоти нави ба кадом васоити ахбори умум афзалият додани аҳолии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Таҳқиқот нишон дод, ки аҳолии ҷумҳурӣ ба телевизион, ки дар ҷумҳурӣ оммавӣ ва дастрас аст, бештар талабот дошта, 96%-и пурсидашудагон истифодабарандагони телевизион мебошанд. Дар радабандии шабакаҳои марказии телевизион ТВ “Сафина” (63%) пешсаф буда, зинаҳои баъдиро ТВ “Тоҷикистон” (59%) ва ТВ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе таҳқиқоти нави ба кадом васоити ахбори умум афзалият додани аҳолии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Таҳқиқот нишон дод, ки аҳолии ҷумҳурӣ ба телевизион, ки дар ҷумҳурӣ оммавӣ ва дастрас аст, бештар талабот дошта, 96%-и пурсидашудагон истифодабарандагони телевизион мебошанд.

Дар радабандии шабакаҳои марказии телевизион ТВ “Сафина” (63%) пешсаф буда, зинаҳои баъдиро ТВ “Тоҷикистон” (59%) ва ТВ “Синамо” (37,6%) ишғол кардаанд.

Дар маҷмӯъ 92%-и пурсидашудагон ба шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон талабот дошта, дар идома шабакаҳои телевизиони Русия – 32%, Ӯзбекистон – 27,4%, Эрон (форсизабон) – 24,95 ва Афғонистон – 8,8% қарор доранд.

Дар муқоиса бо соли 2019 радиоҳо қариб 1%-и шунавандагони худро аз даст додаанд. Аз шумори умумии пурсидашудагон радиоро имрӯз 39,7%-и пурсидашудагон гӯш мекунанд.

Байни шабакаҳои давлатӣ бори сеюм аст, ки радиои “Садои Душанбе” (38,8%) пешсаф аст.

Дар байни радиоҳои мустақил бори нахуст зинаи ававлро радиои “Ватан” ишғол намуда, радиои “Имрӯз” як зина поин фаромад. Мақоми сеюмро маъмулан радиои “Азия-Плюс” касб кард.

Дар сегонаи радиоҳо дар Душанбе низ сегонаи пешсаф “Ватан”, “Имрӯз” ва “Азия-Плюс” мебошанд.

Дар байни нашрияҳои давлатии чопӣ мақоми аввал ба “Ҷумҳурият” ва миёни нашрияҳои мустақил – ба “Оила” дода шудааст. Ба сурати умум вазъи марбут ба ВАО-и чопӣ бад шуда, айни замон шумори истифодабарандагони газета то 32,4% поин рафтааст, ки 11% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Пурсидашудагон ишора кардаанд, ки дар байни сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз Youtube, Instagram ва Facebook истифода мекунанд.

Яке аз пешсафони радабандиҳои пешина – Odnoklassniki.ru аз зинаи дуюм ба панҷум поин рафт.

Миёни сомонаҳои ватанӣ дар се мақоми аввал сомонаи эълонҳои рекламавии somon.tj  ва сомонаҳои иттилоотии “Озодӣ” ва “Азия-Плюс” номбар шудаанд.

Қобили зикр аст, ки чунин таҳқиқот маротибаи сеюм гузаронида шуд. Ду таҳқиқоти аввал солҳои 2018 ва 2019 баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.