Кӯдакони имрӯз пешсафони фардоянд

"Кӯдакони имрӯз пешвоёни фардоянд" – бо ин изҳорот, Алия Эраҷи 11-сола аз Тоҷикистон дар Форуми ҷавонону кӯдакон оид ба масоили об рӯзи 6 июни соли 2022 суханронии худро оғоз кард. Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахше аз Конфронси байналмилалии оби Душанбе, «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад. Чорабиниҳои дуюми сатҳи баланд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар […]

Иттилоияи расмӣ

"Кӯдакони имрӯз пешвоёни фардоянд" – бо ин изҳорот, Алия Эраҷи 11-сола аз Тоҷикистон дар Форуми ҷавонону кӯдакон оид ба масоили об рӯзи 6 июни соли 2022 суханронии худро оғоз кард.

Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахше аз Конфронси байналмилалии оби Душанбе, «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад. Чорабиниҳои дуюми сатҳи баланд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои СММ ва дигар агентиҳо ва шарикон баргузор мегардад.

Он пеш аз ҳама ба вусъат бахшидани шарикӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ барои суръат бахшидан ба амалҳо дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор оид ба об, санитария ва беҳдошт (WASH) нигаронида шудаанд, Ин чорабинӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шуд.

Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили об садҳо намояндагони ҷавонон ва тасмимгирандагонро аз саросари ҷаҳон барои муҳокима ва муайян кардани авлавиятҳо дар бораи чӣ гуна ҳукуматҳо ва ҷавонон метавонанд ба таври фарогир дар самти тезонидани ноил шудан ба Ҳадафҳои марбут ба об ба барномаи Рушди Устувор 2030 ҳамкорӣ кунанд, ҷамъ овард.

Маросими расмиро бо суханронии вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист, уқёнусҳо ва моҳидорӣ ва раиси Кумитаи ҷавонони ва варзиши Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд. Сипас, ҷаноби Осама Маккави, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, изҳороти худро ироа кард ва баъд аз анҷоми маросими ифтитоҳи Форум ба меҳмонон барои ширкаташон миннатдории худро изҳор намуд. Ҷаноби Маккави зимни суханронии худ ба аҳамияти ҷавонон дар бахши об таъкид кард:

"Ҷавонон барои қабул ва озмоиши ғояҳо ва технологияҳои инноватсионӣ бештар кушодаанд, ки дар навбати худ метавонанд ба ноил шудан ба ҳадафҳои бунёдии устувории об ва самаранокии захираҳо мусоидат кунанд. Аз ин рӯ, дар сурати рушди малака ва имкониятҳо, ҷавонон метавонанд дар пешбурди ҳуқуқи инсон ба об ва санитария барои ҳама нерӯи пешбаранда бошанд".

Дар давоми ду рӯзи оянда ширкаткунандагон ҳамагонро бо таҷриба ва роҳҳои ҳалли беназири худ оид ба бисёр ҷанбаҳои идоракунии об шинос хоҳанд кард, аз ҷумла:

– густариши ҳамкории фарогир байни ҷавонон ва шахсони тасмимгиранда;

– таъмини дастрасӣ ба технология ва инноватсия;

– сармоягузорӣ ба соҳибкории иҷтимоӣ ва экологии ҷавонон;

– густариш ва такрори намунаҳои соҳибкории муваффақи ҷавон дар соҳаи муҳити зист.

"Барои ҷилавгирӣ аз норасоии об дар ҷаҳон, ман аз ҳамсолонам даъват мекунам, ки дар бораи сарфаи об андеша кунанд. Мо, кӯдакон, метавонем дар ин самт ба ҷомеаи худ кумак кунем."

– изҳор дошт Алия Эраҷ, фаъоли 11-солаи экологӣ аз Тоҷикистон.

Ҳангоми муҳокимаи таҷрибаи худ бо механизмҳои идоракунии фарогири захираҳои об, иштирокчиёни ҷавон зарурати иродаи қавии сиёсии ҳукуматҳо барои муколама ва ҳамкорӣ бо роҳбарияти ҷавононро таъкид карданд.  Ниҳоятан воситаҳо ва чораҳои амалӣ барои татбиқи Ҳадафи 6-уми Рушди Устувор эҷод мегарданд. Онҳо таъкид карданд, ки ин гуна воситаҳо бояд тавассути механизмҳои такмили иқтидори ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникии онҳо дар бораи ин манбаи ҳаётан муҳим дастгирӣ карда шаванд.

Бо зикри таҷрибаи тӯлонии ЮНИСЕФ дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаи WASH, ҳамаи иштирокчиён ба Созмон барои фароҳам овардани платформа барои чунин муколамаҳои гуногунсоҳавӣ изҳори сипос намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.