Барои дахолат ба кори табибон дар Ӯзбекистон мехоҳанд ҷазо таъйин кунанд

Додситонии кулли Узбекистон тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмуриро омода кардааст, ки барои дахолат ба фаъолияти пизишкон ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад. Ба вижа, барои монеъ шудан ба расонидани кӯмаки тиббӣ ва ё расонидани хадамоту дастури ғайриқонунӣ бо ҳадафи монеъ шудан ба фаъолияти пизишкон ҷарима ба андозаи аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 15 […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Додситонии кулли Узбекистон тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмуриро омода кардааст, ки барои дахолат ба фаъолияти пизишкон ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад.

Ба вижа, барои монеъ шудан ба расонидани кӯмаки тиббӣ ва ё расонидани хадамоту дастури ғайриқонунӣ бо ҳадафи монеъ шудан ба фаъолияти пизишкон ҷарима ба андозаи аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мешавад.

Ҳамзамон пешбинӣ шудааст, ки ба пизишкон иҷоза дода шавад, дар сурати дахолат ба кори онҳо ва ё монеъ шудан ба фаъолияташон бидуни тартиб додани санад дар бораи қонунвайронкунии маъмурӣ ба додгоҳ шикоят баранд. Дар ҳоли ҳозир танҳо вакилони мудофеъ ва омӯзгорон чунин ҳуқуқ доранд.

Баррасии ин тарҳ то 17 июн давом мекунад.

Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон, дар солҳои 2018-2021 бештар аз 470 ҳолати ҳамла ба кормандони соҳаи тиб аз сӯи хешовандон ва наздикони беморон сурат гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.