Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон минтақаи тиҷоративу индустриалӣ боз мешавад

Тоҷикистону Ӯзбекистон ният доранд, ки ояндаи наздик дар мавзеи гузаргоҳҳои “Ойбек” ва “Фотеҳобод” минтақаи марзии тиҷоративу индустриалӣ таъсис диҳанд, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон. Гуфта мешавад, дар ҷараёни форуми доираҳои кории ду кишвар, ки ҳафтаи гузашта дар остонаи сафари президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар Тошканд доир гардид, дар ин хусус тавофуқоти пешакӣ […]

Тоҷикистону Ӯзбекистон ният доранд, ки ояндаи наздик дар мавзеи гузаргоҳҳои “Ойбек” ва “Фотеҳобод” минтақаи марзии тиҷоративу индустриалӣ таъсис диҳанд, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни форуми доираҳои кории ду кишвар, ки ҳафтаи гузашта дар остонаи сафари президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар Тошканд доир гардид, дар ин хусус тавофуқоти пешакӣ ҳосил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, минтақаи тиҷоративу индустриалӣ дар сарҳад “бо мақсади тақвияти савдои мутақобила ва ҳавасмандсозии рушди ҳамкориҳо дар соҳаи саноат” роҳандозӣ мешавад.

Дар назар аст, ки дар қаламрави минтақа иқтидорҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистикӣ ва зербинои зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод – Ойбек” дар минтақаи шимолу ғарби вилояти Суғд воқеъ аст.

Ёдрас мекунем, ки дар форуми Тошканд доираҳои тиҷоратӣ ба густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо даъват шуда, таъкид гардид, ки ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ба ҳама гуна кумаку дастгирии зарурӣ дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак омодаанд.

Дар ҳошияи чорабиниҳои форум вохӯриҳои иштирокчиён дар шакли «B2G» (тиҷорат бо ҳукумат) ва «B2B» (тиҷорат бо тиҷорат) доир гардида, ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд доллар 75 санади ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расид.

Бино ба маълумоти мақомоти омори Тоҷикистон, тайи панҷ соли ахир ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 6,4 баробар – аз ҳудуди 70 млн доллар дар соли 2016 то ба 448 млн доллар дар соли 2021 зиёд шуд.

Дар зарфи чор моҳи соли равон ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар муқоиса бо ҳамин дараи соли гузашта боз 30,4% афзуда, 174 млн долларро ташкил дод. Ҳудуди 35% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рост меояд.

Ғайр аз ин, дар ин давра бо иштироки сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 219 корхона бунёд гардида, бо саҳми сармояугзорӣ аз Ӯзбекистон 51 ширкат дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.