75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи беш аз $1 млрд. Ҳосили форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дирӯз, 1 июн дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон бо иштироки беш аз 200 соҳибкори тоҷику ӯзбек форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар ҳошияи он 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1062,6 миллион доллар ба имзо расид. Дар форум муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир–вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва […]

Дирӯз, 1 июн дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон бо иштироки беш аз 200 соҳибкори тоҷику ӯзбек форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар ҳошияи он 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1062,6 миллион доллар ба имзо расид.

Дар форум муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир–вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва дар маҷмӯъ, беш аз 200 намояндаи расмӣ, соҳибкорон, тоҷирон ва сармоягузорони ду кишвар ширкат карданд.  

Гуфта мешавад, ки зимни форум миёни намояндагони ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва соҳибкорони ду кишвар масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ сарони ҳайатҳои ду кишвар имконоти назаррасро барои тавсеаи шарикии иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки технологӣ, ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёз ва рушди бозорҳои ояндадор қайд намуда, намояндагони соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистонро барои ҳамкории фаъол даъват намуда, ҳамзамон омодагии ҳукуматњои ду кишвар барои расонидани ҳама гуна дастгирии зарурӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид гардид.

– Дар доираи форум миёни соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 40 созишномаву қарордодҳои тиҷоратӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард доллари ИМА ба имзо расид, – навиштааст сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар шарҳи баргузории ин форум.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон навиштааст, ки дар ҳошияи форум 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1062,6 миллион доллар ба имзо расид.

Ин ниҳод гуфтааст, бо мақсади тақвияти савдои дуҷониба ва ҳавасмандсозии рушди ҳамкориҳои саноатӣ дар ояндаи наздик таъсиси минтақаи наздисарҳадии "Ӯзбекистон-Тоҷикистон" дар минтақаи гузаргоҳҳои “Ойбек” ва “Фотеҳобод” дар назар аст, ки дар он иқтидорҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистикӣ ва зерсохтори зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.

– Ҳамчунин, азми ду кишвар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, электротехника, истихроҷи маъдан ва энергетика эълон карда шуд. Дар ин росто имкониятҳои таъсиси ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2021 ҳамчун василаи муассири дастгирии лоиҳаҳои бахши хусусӣ таъкид гардид, – навиштааст вазорати сармоягузории Ӯзбекистон.

Дар ҷараёни форум ҳамчунин доир ба лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ маълумот дода шуд.

Форум дар доираи сафари расмии дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ба Ӯзбекистон баргузор гардид.

Қаблан, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки дар Ӯзбекистон имзои як қатор санадҳо миёни ду кишвар пешбинӣ мешавад.

Ҳамзамон дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.