Беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро барои ҷанҷоли гуруҳӣ аз Русия ихроҷ мекунанд

Беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро барои ҷанҷоли гуруҳӣ дар яке аз майдонҳои сохтмони шаҳри Маскав аз Русия хориҷ мекунанд. Дар ин бораи РИА Новости бо истинод ба додгоҳи Троитский хабар медиҳад. Бино ба иттилои додгоҳ, дар бораи ҷойгир кардани муҳоҷирон ба Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ 107 қарор содир шудааст. Гуфта мешавад, онҳо […]

Беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро барои ҷанҷоли гуруҳӣ дар яке аз майдонҳои сохтмони шаҳри Маскав аз Русия хориҷ мекунанд. Дар ин бораи РИА Новости бо истинод ба додгоҳи Троитский хабар медиҳад.

Бино ба иттилои додгоҳ, дар бораи ҷойгир кардани муҳоҷирон ба Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ 107 қарор содир шудааст.

Гуфта мешавад, онҳо дар ин марказ муддати 90 рӯз нигаҳдорӣ шуда, сипас аз Русия ихроҷ мешаванд.

Гуфта мешавад, рӯзи 1 апрел дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскав байни 60 шаҳрванди Тоҷикистон ва 70 шаҳрванди Ӯзбекистон муноқиша сар мезанад. Як  тоҷикистонӣ ҳамкори ӯзбеки худро “дурак” (аблаҳ) мегӯяд, ки ин ба нофаҳмӣ байни онҳо боис мегардад. Пас аз ҳодиса иштирокчиёни занозаниро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намуда, мақомоти пулис тасмим мегирад, ки муҳлати ҳузури муҳоҷиронро кам ва онҳоро ихроҷ мекунад.

Раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов қаблан дар суҳбат ба Газета.ru изҳор дошта буд, ки аз муноқиша дар аввали моҳи муқаддас барои мусалмонон – Рамазон дар ҳайрат аст.

“Ҳайратовар аст, ки дар аввали моҳи шарифи Рамазон тоҷикону ӯзбекон ба чунин амал роҳ додаанд. Ин ғайриодӣ аст. Ҳарчанд бо сабаби қурби рубл одамон дар кор андаке душворӣ дошта, асабианд. Аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикону ӯзбекон даъват мекунам, ки бо ҳамдиёрони худ бештар кор кунанд”, – гуфт ӯ.

Давлатов бар ин назар аст, ки барои пешгирӣ ва такрор нашудани чунин ҳодисаҳо, лозим аст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати фаъолияти қонунӣ шароит фароҳам оварда шавад, вале дар сурати қонуншиканӣ, аз кишвар хориҷ карда шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.