Дар Душанбе барои Кумитаи ҳифзи муҳити зист бинои нав месозанд

Дар Душанбе бо иштироки  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба корҳои сохтмони бинои нави Кумита дар шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшида шуд. Тавре ки дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, бинои нави маъмурии Кумита дар буриши кӯчаи Шевченко  ва Бухорои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қомат меафрозад. Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе бо иштироки  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба корҳои сохтмони бинои нави Кумита дар шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшида шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, бинои нави маъмурии Кумита дар буриши кӯчаи Шевченко  ва Бухорои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қомат меафрозад.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 марти соли 2021 (№167), барои сохтмони бино дар масоҳати 0, 30 гектар замин ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, бинои мазкур аз таҳхонаю 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳо, тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда, ҳуҷраҳои корӣ, анборҳо, толори маҷлис, миёнасарой, ҳуҷраҳои техникӣ,  ду адад лифти вазнбардориашон 630 ва 1000 кг,  роҳравҳо, нуқтаҳои санитарӣ, ҷойҳои  дастшӯӣ, ҳоҷҷатхонаҳо, шароитҳои зиддисӯхторӣ, утоқҳои лабораторӣ ва ҷойи муайян барои посбон сохта мешаванд.

Айни замон Кумита дар як бино бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, қисмате аз сохторҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Вазорати кишоварзӣ фаъолият мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.