Душанбе: Ҷаримаи ронандагон барои таваққуфи нодуруст дар роҳҳо

Пас аз муроҷиати сокинони пойтахт, 14 нафар ронандагон барои таваққуфи нодурусти автомашинаашон дар роҳ ҷарима шуданд. Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокинони пойтахт суратҳои таваққуфи нодурусти автомашинаҳоро ирсол кардаанд. “Аксари ронандагон ҳангоми адои намози ҷумъа автомашинаи худро дар ҷойи номуқарраргардида, махсусан дар байни роҳ бе назорат гузошта, ба тамбашавии роҳ ва […]

Asia-Plus

Пас аз муроҷиати сокинони пойтахт, 14 нафар ронандагон барои таваққуфи нодурусти автомашинаашон дар роҳ ҷарима шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокинони пойтахт суратҳои таваққуфи нодурусти автомашинаҳоро ирсол кардаанд.

“Аксари ронандагон ҳангоми адои намози ҷумъа автомашинаи худро дар ҷойи номуқарраргардида, махсусан дар байни роҳ бе назорат гузошта, ба тамбашавии роҳ ва монеагӣ ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ боис шудаанд”, – баён мешавад дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбати ронандагон барои таваққуфи нодуруст  дар асоси моддаи 324 КҲМ Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Дар ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима дар ҳаҷми 1 нишондиҳанда барои ҳисоб (64 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.

Дар фарҷом Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо таваққуфи нодурусти нақлиётҳои худ боиси озори дигар шаҳрвандон нагарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.