Иштироки консули генералии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи масҷид дар маҳбасхонаи Нижний Тагил

Дар ҳудуди маҳбасхонаи №123-и шаҳри Нижний Тагил масҷид кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Саидзода иштирок кард. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз консулгарии мазкур хабар доданд, рӯзи 21 июл Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба шаҳри Нижний Тагил сафар карда, дар он ҷо бо сардори […]

Asia-Plus

Дар ҳудуди маҳбасхонаи №123-и шаҳри Нижний Тагил масҷид кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Саидзода иштирок кард.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз консулгарии мазкур хабар доданд, рӯзи 21 июл Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба шаҳри Нижний Тагил сафар карда, дар он ҷо бо сардори Муассисаи давлатии федералии «Колонияи ислоҳӣ-12» полковник Алексей Павлов, муовини прокурори ш.Нижний Тагил оид ба назорати  риояи қонунҳо дар колонияҳои ислоҳӣ Марат Зокиров мулоқот намуд.

“Дар ҷараёни мулоқот бо онҳо масъалаҳои ҳамкории судмандро оид ба масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайн мавриди баррасӣ қарор дод”, – зикр мешавад дар хабар.

Сипас Зафар Саидзода дар маросими ифтитоҳи масҷид дар ҳудуди Колонияи ислоҳии рақами 12-и ш.Нижний Тагил, ки калонтарин маҳбасхонаи Россия мебошад,  иштирок ва суханронӣ намуда, бо шаҳрвандони тоҷикистонии ба маросими тантанавӣ  аз ҷумлаи маҳбусони муъмин даъватшуда суҳбати самимӣ дошт. 

Муовини сарвари Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия Денис-ҳазрат Мустафин, раиси Идораи динии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск, муфтӣ Абдулқуддус Ашарин, епископи православии Нижний Тагил ва Невянск Феодосий, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  вилояти Свердловск Татьяна Мерзлякова ва муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров низ дар маросими ифтитоҳи масҷид иштироку суханронӣ карданд.

Ёқубҷон Умаровро барои саҳми назаррасаш дар ҷодаи идома ёфтани суннату анъанаҳои эҳсонкорӣ, ҳомигию хайрнамоӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангии дини мубини  ислом Денис-ҳазрат Мустафин бо Сипосномаи сарвари  Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия, узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Россия, муфтии шаҳри Москва Албир-ҳазрат Крганов сарфароз гардонд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.