Дар зарфи 6 моҳ дар Тоҷикистон 22 нафари аз ВНМО сироятёфта ошкор шуданд

Тӯли ним соли равон дар Тоҷикистон 22 шаҳрванди сироятёфта аз Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ошкор шудаанд. Имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин робита изҳор намуд, ки ин ҳолатҳо замони пеш аз ақди никоҳ бастани ҷавонон ошкор шудааст. Ба иттилои вазир, дар ним соли аввал 39 ҳазору […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тӯли ним соли равон дар Тоҷикистон 22 шаҳрванди сироятёфта аз Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ошкор шудаанд.

Имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин робита изҳор намуд, ки ин ҳолатҳо замони пеш аз ақди никоҳ бастани ҷавонон ошкор шудааст.

Ба иттилои вазир, дар ним соли аввал 39 ҳазору 38 нафар шахсоне, ки издивоҷ кардан мехостанд, аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

“Дар байни онҳо 378 нафар бемори зардпарвини вируси намуди В (гепатити В), 84 – бемори зардпарвини вируси намуди С, 22 нафари аз ВНМО сироятёфта, 15 афроди гирифтор ба бемориҳои рӯҳӣ ва 1 нафар бо бемории оташак (сифилис) ошкор шуданд”, – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Абдуллозода зикр кард, ки шахсони бемори зардпарвин, оташак ва касалиҳои рӯҳӣ аз давраҳои муолиҷа гузашта, ба онҳо маълумотномаҳои тиббии дахлдор бо иҷозаи издивоҷ кардан дода шуд.

Зикр шуд, ки беморони гирифтори ВНМО ба қайд гузошта шуда, зери муоинаи доимӣ қарор дода шуданд.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳ 130 занони ҳомиладори гирифтори ВНМО кӯдак таваллуд кардаанд. Айни замон 94 занони ҳомиладор бо ин вирус дар муоинаи пеш аз таваллуд қарор доранд. Ҳамчунин 305 кӯдаки аз модарони ба ВНМО сироятёфта таваллудшуда зери муоинаи мутахассисон мебошанд.

Вазир илова намуд, ки шумори умумии сироятёфтагон аз ВНМО дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 686 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.