Дар баробари гармии тоқатфарсо дар Тоҷикистон, рӯзҳои наздик хокбориш ҳам пешгӯӣ мешавад

Рӯзҳои 29 июл то 1 августи соли ҷорӣ бар асари ҳаракати мавҷҳои гармӣ аз ҷануб дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо қувваи 15-20 метр дар як сония вазида, дар […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 29 июл то 1 августи соли ҷорӣ бар асари ҳаракати мавҷҳои гармӣ аз ҷануб дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо қувваи 15-20 метр дар як сония вазида, дар ин рӯзҳо эҳтимоли хокбориш ҳам вуҷуд дорад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 28-уми июл бар асари ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон хатари болоравии сатҳи об дар назар аст.

Зикр мегардад, ки рӯзҳои 28-30 июл ҳавошиносон аз омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ-ро пешбинӣ мекунанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид кардааст, ки сокинон бояд ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.