Маркази миллии тестӣ аз озмуни тақсимоти такрорӣ хабар дод

Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар додааст, довталабоне, ки бо сабаби кам будани баллашон ба донишгоҳҳо роҳхат нагирифтанд, метавонанд дар озмуни тақсимоти такрорӣ ширкат кунанд. Барои иштирок дар ин озмун довталабонро зарур аст, ки аз 12 то 15 август дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома ва рақами расид […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар додааст, довталабоне, ки бо сабаби кам будани баллашон ба донишгоҳҳо роҳхат нагирифтанд, метавонанд дар озмуни тақсимоти такрорӣ ширкат кунанд.

Барои иштирок дар ин озмун довталабонро зарур аст, ки аз 12 то 15 август дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома ва рақами расид аз филиали “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ худро аз нав номнавис кунанд.

Гуфта мешавад дар озмуни тақсимоти такрорӣ низ баллҳои қаблан бадастовардаи довталабон ба назар гирифта мешавад.

Маркази миллии тестӣ гуфтааст, ки маълумоти муфассал дар бораи азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро дар сомонааш баъдан ҷой хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки қаблан аз Маркази миллии тестӣ ба  «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки дар натиҷаи марҳилаи аввали тақсимот 57 ҳазору 988 довталаб ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳҳои кишварро пайдо карданд.

Ба гуфтаи ин марказ, барои ширкат дар имтиҳонҳо 96 ҳазору 21 дархост ворид шуда, 80 ҳазору 942 хатмкунанда барои супоридани имтиҳонҳо омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, 22 ҳазору 470 довталаб аз ин шумора натавонистанд аз озмун гузаранд, вале онҳо имкони аз 12 то 15 август супоридани имтиҳонҳоро доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.