Дар Тоҷикистон 250 мард аз сӯи занони худ хушунат дидаанд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 250 мавриди хушунати занон алайҳи мардон сабт шудааст. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотӣ Хилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод. Номбурда зикр кард, ки тибқи омори Вазорати корҳои дохилӣ, шумораи умумии […]

Нигина Аслонова, «Азия-Плюс».

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 250 мавриди хушунати занон алайҳи мардон сабт шудааст. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотӣ Хилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Номбурда зикр кард, ки тибқи омори Вазорати корҳои дохилӣ, шумораи умумии муроҷиати шаҳрвандон оид ба зӯроварӣ ё хушунат 1 ҳазору 523 нафарро ташкил медиҳад. Бештари шикоятҳо (1273) аз заноне будааст, ки нисбати онҳо аз ҷониби мардон зӯроварии оилавӣ истифода шудааст.

Далелҳои шикоят дар бораи зӯроварӣ дар оила нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳамагӣ 9 ҳолат кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, дар марказҳои иттилоотии ноҳияҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр 478 мавриди зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст.

«Бо мақсади ҳалли ин мушкил аз ҷониби кумита як қатор чорабиниҳои пешгирикунанда ва сӯҳбатҳо бо оилаҳо ва ҳамсоягони онҳо гузаронида мешавад, то ҳамаҷониба омӯхтани мушкилот ва мусоидат ба наҷоти оилаҳо мусоидат намояд», – гуфт раиси кумита.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон 548 далели хушунати занон нисбат ба мардон сабт шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.