Вазорати нақлиёт: “Нархи билети қатора ба Русия дастрас хоҳад буд”

Аз 16 август ҳаракати қатораи роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия оғоз мегардад. Аввалин қатора аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Волгоград раҳсипор мешавад, хабар дод, имрӯз, 5 август зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим. Вазир хотиррасон намуд, ки қатора аз Душанбе ба Волгоград рӯзи 27 август ва аз Хуҷанд – 7 сентябр ба роҳ […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аз 16 август ҳаракати қатораи роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия оғоз мегардад. Аввалин қатора аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Волгоград раҳсипор мешавад, хабар дод, имрӯз, 5 август зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Вазир хотиррасон намуд, ки қатора аз Душанбе ба Волгоград рӯзи 27 август ва аз Хуҷанд – 7 сентябр ба роҳ мебарояд.

“Нархи билетҳо ҳоло муайян карда нашудааст, лекин кор рӯйи ин масъала идома дошта, нарх рӯзҳои наздик маълум мешавад. Итминон дода метавонам, ки он барои мусофирон дастрас хоҳад буд”, – иброз дошт вазир.

Қобили зикр аст, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, нархи билети қатора аз Душанбе ба Волгорад аз 1 ҳазору 400 то 1 ҳазору 500 сомониро ташкил хоҳад дод.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти бехатарӣ дар қатораҳои қитъаи Хатлони Роҳи оҳани Тоҷикистон Зоиршо Файзуллоев изҳори назар кард.

То дубора барқарор шудани равуои қатораҳо тариқи оҳан байни Тоҷикистон ва Русия каме зиёдтар аз 10 рӯз вақт боқӣ монд. Лекин нархи билет ва бисёр ҷузъиёти дигари сафар тариқи хатсайрҳо ҳоло маълум нест.

Дар сомонаи “Российские железные дороги” дар бораи барқарор шудани хатсайри роҳи оҳан бо Тоҷикистон маълумот дода шуда, лекин дар ин ҷо ҳам нархи билетҳо зикр нашудааст.

Ҳангоми ҷустуҷӯи онлайни билетҳо ба хатсайрҳои роҳи оҳан аз Руия ба Тоҷикистон, хадамоти онлайнӣ маълумот медиҳанд, ки чунин хатсайрҳо нестанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон ва Русия аз 17 марти соли 2020 дар робита ба паҳнҳавии коронавирус қатъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.