Дар маълумотномаҳо санаи таваллуди академик Муҳаммад Осимӣ 25 август ва 1 сентябри 1920 зикр гардидааст. Ин навишта ба ифтихори зодрӯзи хуҷастаи эшон пешниҳод мешавад. Ёди азизашон гиромӣ бод!
Устоди Университети давлатии Тоҷикистон будам. Рӯзе ба ман гуфтанд, ки маро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ даъват кардаанд ва бояд ба наздашон равам. Ба андешаи он афтодам, ки сабаби даъвати мисли мани устоди қатории Донишгоҳ аз тарафи чунин шахсияти намоёни давлатӣ ва сарвари олимони ҷумҳурӣ чӣ бошад. Тахмин менамудам, ки шояд супорише доданиянд. Дар рӯз ва соати муқарраршуда ба ҷои корашон рафтам.
Он кас аввал аз зиндагӣ ва кору борам пурсиданд ва баъд таваҷҷӯҳи бештар ба мавзӯи таҳқиқи илмиам дар бораи Арасту ва назариёти адабии форсии тоҷикӣ карданд. Аз суҳбаташон маълум буд, ки аз мақолаҳои камина, ки дар маҷалла ва маҷмӯаҳои илмӣ чоп шуда буданд, бохабаранд ва онҳоро мутолиа намудаанд. Устод Осимӣ аз ҷумла аз мақолаҳои “Ибни Сино ва масъалаҳои робитаи афкори адабии Шарқу Ғарб” (1980), “Поэтика” Аристотеля и арабоязычная мысль: общее и особенное” (1981), “Логические и риторические аспекты теории поэзии у восточных перипатетиков” (1982) ва “Методологические аспекты сравнительно-типологического изучения художественной мысли Востока и Запада” (1983) ёд оварданд ва маро ба идомаи таҳқиқ дар ин замина тарғиб карданд ва зимнан ишора ба он ҳам намуданд, ки фаъолиятҳои илмии маро дастгирӣ хоҳанд кард.
Бароям натиҷаи ин вохӯрӣ ва суҳбатҳое, ки бо устод Осимӣ доштем, ғайримунтазира буд. Ва дар бораи он фикр кардам, ки сабаби бо ҳама масруфияти хеш ва гирифториҳои идориаш ба сифати Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба таҳқиқоти банда таваҷҷӯҳ намудани ӯ дар чӣ бошад. Нахустин чизе, ки ба сарам зад, ин буд, ки вай ҳамчун донишманди номии фалсафа таваҷҷӯҳи беандозае ба таърихи фалсафаи форсии тоҷикӣ, хосса осори файласуфоне чун Форобӣ, Ибни Сино ва Хоҷа Насируддуни Тӯсӣ дошт, аз ин сабаб мутолиа ва пайгирии ҳамаи таълифоте, ки дар ин замин анҷом шудаанд ва хоҳанд шуд, як чизи табиӣ бояд бошад. Ҳамчунин шунида будам, ки устод Осимӣ чанд нафар ҷавонони болаёқатро аз таълимгоҳҳои саросари кишвар пайдо намуда, дар тарбия ва ҷалбу ҷазби онҳо ба илм саҳм гирифтаанд. Яке аз онҳо математики номии тоҷик раҳматӣ Камолиддин Бойматов буд ва ман бо вай дар Донишгоҳи Маскав дар яке аз ҷамъомадҳои ҳамватанони тоҷикистониамон ошно шуда будам. Аммо ба гумонам ваҷҳи асосии таваҷҷӯҳи ӯ ба фаъолиятҳои илмии донишмандони ҷавони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ он буд, ки рисолати худро ҳамчун Президенти Академияи фанҳо, пеш аз ҳама, дар он медид, ки дар ғами рушди илми тоҷик дар дурнамо бошад.
Вохӯрии дуюми рӯбарӯи мо дар Афғонистон дар маҳаллаи Вазир Акбархони шаҳри Кобул солҳое, ки камина устоди эъзомии Пуҳантуни Кобул будам (1985-1987), иттифоқ афтод. Академик Муҳаммад Осимӣ мушовири Президенти Академияи улуми Афғонистон буданд ва ба Кобул ташриф оварданд ва ман дар ҷамъи устодони тоҷикистонии Пуҳантун ба зиёраташон рафта будам.
Робита ва ҳамкориҳои камина бо устод Муҳаммад Осимӣ пас аз рафтани эшон аз Академияи илмҳо ва ба ҳайси нахустин президенти ҷамъияти “Пайванд” (1990) интихоб шуданашон низ идома ёфт. Соли 1993 бо пешниҳоди устод ман шеъри шоири муосири эронии муқими Аврупо Неъмат Озармро, ки “Паём ба Тоҷикистон” ном дошт ва ба алифбои арабиасоси форсӣ буд, ба кирилӣ баргардон кардам. Ин шеър бо муаррифиномаи акдемик Муҳаммад Осимӣ дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 14 майи ҳамон сол ба табъ расид.
Моҳи июни соли 1993, яъне пас як моҳи оғози ҳамкориҳои амалии камина бо устод Осимӣ, ман бо даъвати академики Академияи илмҳои Федератсияи Русия В.В.Наумкин барои иштирок ба Муколимаи тоҷикон дар чаҳорчӯби Конференсияи Дартмут ба Маскав рафтам ва ба сабаби нооромии вазъ дар Тоҷикистон дар он ҷо се сол боқӣ мондам.
Устод Муҳаммад Осимӣ, тавре ки маълум аст, сардори Кумитаи таҳқиқи тамаддуни Осиёи Марказии созмони байналмилалии ЮНЕСКО ва сармуҳаррири “Таърихи Осиёи Марказӣ” дар шаш ҷилд буданд ва сари чанд вақт ба сафарҳои хидматӣ ба Порис аз тариқи Маскав парвоз мекарданд. Ва ҳар вақте ки ба Маскав меомаданд, занг мезаданд ва аҳвол мепурсиданд. Ҳамчунин пеш аз бозгашташон ба Душанбе ҳам ғолибан телефонӣ суҳбат мекардем. Ва гоҳ-гоҳе вақте ки фурсат барояшон муносиб буд, бо ҳам маъмулан дар дафтари кории Шавкат Ниёзӣ, намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Маскав дар бинои Иттиҳоди байналмилалии иттифоқҳои нависанданон (Хонаи адибон) бо ҳам вомехӯрдем. Боре пас аз яке аз чунин вохӯриҳоямон пиёда аз бинои Иттиҳоди иттифоқҳои нависандагон дар кӯчаи Поварская 52/55 (Хонаи Ростовино) то Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тангкӯчаи Гранатний 13 рафтем.
Зимистон буд ва реза-реза барф меборид. Суҳбатамон асосан дар бораи вазъи нороми кишвар ва нигарониҳо аз оқибатҳои он буд.
Устод бисёр мехостанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор гардад ва умед ба он доштанд, ки Музокироти сулҳи байни тоҷикон ба самар хоҳад расад.
Боиси таассуф аст, ки ба устоди бузургвор Муҳаммад Осимӣ насиб нагардид, ки шоҳиди имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” (27 июни 1997) аз тарафи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва самари талошҳои хастагинопазири худашон дар роҳи сулҳу ваҳдат шаванд. 27 августи соли 1996 дар роҳ ба сӯи кор дар рӯзи равшан аз тарафи душманони сулҳу ваҳдати миллӣ ва миллати тоҷик парронда шуданд. Пеш аз он кас аз дасти ҳамин нохалафон 10 марти соли 1994 депутати Шӯрои Олӣ профессор Моиншо Назаршоев, 13 декабри соли 1995 рӯзноманигори номӣ Муҳиддин Олимпур, 6 майи 1996 табибони номдори ҷумҳурӣ Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов ва баъдан 22 сентябри 1998 рӯзноманигори маъруфи тоҷик, узви Комиссияи оштии миллӣ Отахон Латифӣ ба қатл расиданд.
Академик Муҳаммад Осимӣ ва ҳам онҳое, ки ном бурдем, шахсиятҳои истисноӣ буданд ва тафаккури миллӣ доштанд ва тамоми умр барои ташаккул ва рушди миллаташон ва сарзаминашон содиқона ва бо сарсупурдагӣ хидмат менамуданд ва афсӯс, ки оқибат дар ин роҳ қурбон шуданд. Онҳо давомдиҳандагони сазовори насли устод Садриддини Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншо Шотемур ва ёронашон дар солҳои 20 ва 30-ум ва аллома Бобоҷон Ғафурову шоири бузург ва арбоби барҷастаи давлатӣ устод Мирзо Турсунзода дар даҳсолаҳои 40, 50, 60 ва 70-уми асри ХХ буданд. Бо куштори занҷираии ин сарсупурдагони миллат аз дасти душманони миллат ва Тоҷикистони соҳибистиқлол дар солҳои 90-уми асри гузашта зарбаи сахте ба раванди ташаккули миллати ягонаи тоҷик ва рушди кишвар расид, ки ҷуброннопазир мебошад.
Насли бедор ва миллии даврони Истиқлолро зарур аст, ки кор ва фаъолияти ин бузургони миллатро биомӯзанд, сабақ бигиранд ва идома диҳанд. Номи муборак ва ёди азизашонро гиромӣ доранд ва осору афкор ва корномаҳояшонро тарғибу ташвиқ намоянд.


