Билети қатораи Душанбе – Тошканд 20% арзон мешавад

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи поин бурдани нархи билети қатораи хатсайри “Душанбе-Тошканд-Душанбе” ба мувофиқа расиданд. Нарх 20% поин меравад, хабар медиҳад Podrobno.uz. Дар ҷараёни гуфтушуниди раҳбарияти ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари” ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар ин хусус қарордодҳои дахлдор имзо шудаанд. “Аз 6 сентябр ба арзиши билети қатораи байнулмилалии мусофирбар бо хатсайри №301/302 “Душанбе-Тошканд-Душанбе” […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи поин бурдани нархи билети қатораи хатсайри “Душанбе-Тошканд-Душанбе” ба мувофиқа расиданд. Нарх 20% поин меравад, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Дар ҷараёни гуфтушуниди раҳбарияти ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари” ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар ин хусус қарордодҳои дахлдор имзо шудаанд.

“Аз 6 сентябр ба арзиши билети қатораи байнулмилалии мусофирбар бо хатсайри №301/302 “Душанбе-Тошканд-Душанбе” 20% тахфиф ҷорӣ мешавад”, – зикр кардаанд дар ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари”.

Ёдрас мекунем, ки равуои қатораи мусофирбар байни Тошканд ва Душанбе аз 20 июни соли равон оғоз гардид. Он аз 10 вагон: 4 вагони купе, 5 вагони платскарт ва вагон-тарабхона (ресторан) иборат аст.

Масофаи роҳ аз Тошканд то Душанбе тариқи роҳи оҳан 916 километрро ташкил медиҳад. Қатора аз Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе соати 18:30 ба сафар баромада, рӯзи дигар, сешанбе соати 13:43 ба Тошканд мерасад. Аз Тошканд низ қатора ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 16:15 ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе ба Душанбе мерасад.

Нархи билет ба вагони платскарт 340 670 сӯм (тақрибан 312 сомонӣ), вагони купе – 417040 сӯм (тақрибан 383 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Пештар нархи билет аз 373 сомонӣ сар мешуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.