Хуҷанд – Волгоград. Хатсайри нави қатора фаъол мегардад

Фардо, 7 сентябр пас аз таваққуфи 2-сола ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Хуҷанд ба Волгоград барқарор мегардад. Дар корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар доданд, ки қатораи аввал иборат аз 10 вагон нимаи рӯзи чоршанбе (7 сентябр) соати 13 бо вақти маҳаллӣ ба роҳ баромада, пас аз 2,5 соат ба нуқтаи таъинот мерасад. Қатора аз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Фардо, 7 сентябр пас аз таваққуфи 2-сола ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Хуҷанд ба Волгоград барқарор мегардад.

Дар корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар доданд, ки қатораи аввал иборат аз 10 вагон нимаи рӯзи чоршанбе (7 сентябр) соати 13 бо вақти маҳаллӣ ба роҳ баромада, пас аз 2,5 соат ба нуқтаи таъинот мерасад.

Қатора аз 10 вагон иборат буда, барои 614 мусофир пешбинӣ гардидааст. То шоми 5 сентябр аллакай беш аз 400 чиптаи он фурӯхта шудааст.

Қатора дар самти Хуҷанд – Волгоград ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе ҳаракат хоҳад намуд. Нархи билет вобаста ба интихоби вагон аз 1200 то 1300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ин сеюмин масири мусофирбарӣ бо қатора аз Тоҷикистон ба самти Русия мебошад. Рӯзи 16-уми август аз Кӯлоб ва 27-уми август – аз Душанбе қатораҳо баъд аз танаффуси беш аз дусола ба роҳ баромада буданд.

Дар хатсайри аввали қатора аз Тоҷикистон ба Волгоград теъдоди рекордии мусофирон ба сафар баромаданд.

Қобили зикр аст, ки аз 16 август ҳар ҳафта аз Кӯлоб аллакай 4 хатсайр ба самти Русия раҳсипор шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.