Шаҳрвандони дорои ду шиноснома метавонанд тарки Русия кунанд?

Шахсони дорои якчанд шаҳрвандӣ, аз ҷумла шаҳрвандии Русия, тибқи қонун ҳамчун шаҳрванди Федератсияи Русия дониста мешаванд. Дар ин бора дар портали «Объясняем.рф» хабар дода мешавад, ки аз ҷониби ҳукумати Русия барои огоҳ кардани шаҳрвандон дар бораи масъалаҳои рӯзмарраи қобили таваҷҷуҳи ҳамагон ва муҳим роҳандозӣ шудааст. Гуфта мешавад, нисбати шахсони дорои якчанд шаҳрвандӣ, аз ҷумла шаҳрвандии […]

Asia-Plus

Шахсони дорои якчанд шаҳрвандӣ, аз ҷумла шаҳрвандии Русия, тибқи қонун ҳамчун шаҳрванди Федератсияи Русия дониста мешаванд. Дар ин бора дар портали «Объясняем.рф» хабар дода мешавад, ки аз ҷониби ҳукумати Русия барои огоҳ кардани шаҳрвандон дар бораи масъалаҳои рӯзмарраи қобили таваҷҷуҳи ҳамагон ва муҳим роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати шахсони дорои якчанд шаҳрвандӣ, аз ҷумла шаҳрвандии Русия ба мисли шаҳрвандони қатории Русия ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳо бо шумули ҳимояи Ватан мавриди амал қарор мегиранд.

Қоидаҳои гузаштан аз сарҳад низ барои онҳо ба мисли ҳамаи шаҳрвандони Русия аст.

Дар портал таъкид мешавад, ки шаҳрвандони Русия, ки дар ҳайати захираҳои Қувваҳои мусаллаҳ қарор доранд, тибқи сафарбарсозӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Инҳо касоне мебошанд, ки ихтисоси ҳарбӣ доранд. Ба шахсоне, ки таҷрибаи ҷангӣ доранду дар амалиёти ҳарбӣ иштирок кардааст, афзалият дода мешавад.

Рӯзи 26 сентябр дар Вазорати мудофиаи Русия изҳор намуданд, ки дар шароити баргузории қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ дар Русия, маҳдудиятҳо ба равуои шаҳрвандон пешбинӣ намешавад.

Аммо ВАО-и Русия менависанд, ки ҳукумати Русия мехоҳад сарҳадро барои мардони синнусоли мувофиқ барои сафарбарсозӣ бандад. Аз 28 сентябр. Ин “баъди раъйпурсиҳо” дар ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запорожеи Украина сурат мегирад. Раъйпурсиҳо шоми 27 сентябр ба анҷом мерасанд.

Ин ба монанди “раводидҳои сафар” мешавад: барои сафар ба хориҷи кишвар аз Русия мардонро лозим меояд, ки аз комиссариати ҳарбӣ (военкомат) иҷозат гиранд.

Қаблан раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод намуд, ки синни даъват барои хориҷиёне, ки шиносномаи Русияро гирифтаанд, то 45-50 сол баланд бардошта шавад.

“Масъалаи сафарбарсозӣ барои ҷомеа хеле ҳассос буда, ин ҷо бештар адолат ва шаффофияти расмиёти он талаб мешавад. Яке аз мушкилот ба муҳоҷирони корӣ ва дигар шаҳрвандон дахл дорад, ки ба Русия омада, шаҳрвандӣ гирифтаанд”, – иброз дошта буд вай.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қонунгузории амалкунанда, “агар синни онҳо аз 27-сола боло бошад, ба хидмати ҳарбӣ даъват нашуда, мутаносибан ихтисоси ҳарбӣ гирифта наметавонанд ва ба ҳайати захираҳои ҳарбӣ дохил намешаванд”.

“Тибқи Конститутсия, ҳимояи Ватан бидуни фарқият байни гирифтани шаҳрвандӣ тибқи макони зода шудан ё ба шаҳрвандии дигар кишвар пазируфта шудан (натурализатсия) қарз ва уҳдадории шаҳрванди Русия аст. Ин холигии ҳуқуқӣ бояд бартараф ва масъалаи то 45 ё 50-сола боло бурдани синни даъвати афроди ба шаҳрвандӣ қабулшуда баррасӣ шавад”, – пешниҳод намуд Фадеев.

Ӯ зикр кард, ки ин ҷо сари сафарсозии фаврии хориҷиёни ба шаҳрвандӣ қабулшуда сухан намеравад, зеро ин табъиз хоҳад буд.

Ҳамчунин узви Шӯрои ҳуқуқи башар Кирилл Кабанов низ қаблан пешниҳод намуда буд, ки шаҳрвандони Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Тоҷикистон барои саркашӣ аз хидматӣ ҳарбӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.