Оғози мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Ҳамин ҳоло, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи навбатии додгоҳии журналисти тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз шуд. Хабарнигори “Asia-Plus” аз назди боздоштгоҳ иттилоъ дод, ки ин бор низ мурофиа пушти дарҳои баста ҷараён дошта, ба он модар ва ҳамсари Абдуллоҳ, хешовандонаш ва рӯзноманигоронро роҳ надоданд. Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони наздики Абдуллоҳ ва журналистон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳамин ҳоло, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи навбатии додгоҳии журналисти тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз шуд.

Хабарнигори “Asia-Plus” аз назди боздоштгоҳ иттилоъ дод, ки ин бор низ мурофиа пушти дарҳои баста ҷараён дошта, ба он модар ва ҳамсари Абдуллоҳ, хешовандонаш ва рӯзноманигоронро роҳ надоданд.

Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони наздики Абдуллоҳ ва журналистон ва ҳамин тавр, пушти дарҳои баста баргузор намудани мурофиа то ҳол маълум нест ва бо гузашти се ҷаласаи судӣ касе шарҳ намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар мурофиаи қаблӣ айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ 8 соли зиндони низомаш пурзӯр талаб намуда буд.

Пас аз ин ҳамсари Абдуллоҳ бо ирсоли мактуби кушод ба унвони президент Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ки муҳокимаи парвандаи шавҳарашро зеро назорати шахсии худ гирад ва нагузорад, ки як оилаи ҷавон аз ҳам ҷудо шавад.

Эҳтимол меравад, ки имрӯз ҳукми суд нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ эълон гардад.

Дертар тафсилоти бештар ироа хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.