Аз Путину Мирзиёеву Тоқаев то Раисиву Лукашенко ва Си Ҷинпин. Президентро кӣ табрик кард?

Ба муносибати 70-солагии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, чанде аз сарони кишварҳои ҷаҳонӣ табрикоти шодбошӣ ирсол карда, ӯро бо зодрӯзаш муборакбод намуданд ва ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва муваффақиятҳо орзу карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Тоҷикстон хабар медиҳад. Аз ҷумла, Владимир Путин, президенти Русия, ба ин муносибат паёми шодбошӣ фиристода, гуфтааст, “ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ба муносибати 70-солагии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, чанде аз сарони кишварҳои ҷаҳонӣ табрикоти шодбошӣ ирсол карда, ӯро бо зодрӯзаш муборакбод намуданд ва ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва муваффақиятҳо орзу карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Тоҷикстон хабар медиҳад.

Аз ҷумла, Владимир Путин, президенти Русия, ба ин муносибат паёми шодбошӣ фиристода, гуфтааст, “ба сифати арбоби давлатии хирадманд ва соҳибтаҷриба, ки дар ростои рушди кишвари худ ва ҳимояи манфиатҳои он корҳои зиёдеро анҷом медиҳед, Шумо миёни ҳамватанонатон аз эҳтироми шоиста бархурдор гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори баланд касб намудаед”.

Си Ҷинпин, роҳбари давлати Чин, низ ба муносибати 70-солагии президенти Тоқикистон гуфтааст, ки “таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт ва дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид”.

Ӯ афзудааст, ки "ба сифати ҳамсояи дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ Ҷумҳурии мардумии Чин аз ин сидқан хушҳол аст”.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун “арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистони муосир, фарзанди барҷастаи халқи худ ва пешвои ҳақиқӣ” зикр намуда, гуфтааст, ки ба хотири сулҳу шукуфоии кишвараш бо матонати бузург фаъолият менамояд.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳам имрӯз дар суҳбати телефонӣ ба муносибати зодрӯзаш ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзу намудааст.

Александр Лукашенко, президенти Беларус, ба муносибати зодрӯзи президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки барои муносибати созанда ва ҳавасмандонаи Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди муносибатҳои Беларус ва Тоҷикистон самимона миннатдор аст.

Лукашенко афзудааст, ки “вохӯрии дарпешистодаи ӯ дар Душанбеи офтобӣ ва меҳмоннавоз ба ҳамкории гуногунҷанбаи стратегии ду кишвар ба манфиати халқҳои бародар такони иловагӣ мебахшад”.

Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, низ ба ин муносибат иброз доштааст, ки “муносиботи дӯстона ва бародаронаи ду кишвар дар сояи пайвандҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ, тамаддунӣ ва забонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди бисёр хубе бархӯрдор шудааст”.

Иброҳими Раисӣ дар номаи табрикотиаш ба президенти Тоҷикистон умедворӣ кардааст, ки бо идомаи дидори мақомоти ду кишвар ва баргузории нишастҳои муштарак, шоҳиди фасли ҷадиде аз ҳамкориҳо бо ҳадафи таъмини манфиатҳои мутақобил ва таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ бошем.

Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов низ гуфтааст, Туркманистон ба муносибатҳои байнидавлатӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Ӯ афзудааст, “ҷонибдори ҳамкории минбаъда ва дастгирии пешниҳоду ташаббусҳо оид ба тавсеа ва таъмини ҳамкорӣ миёни Туркманистон ва Тоҷикистон ҳаст”.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар робита ба 70-солагии президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки “ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони муосир дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ ба номи Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ доранд”.

“Бовар дорам, ки Тоҷикистон дар пайрави ба сиёсати мақсадноки Шумо дар роҳи пешрафту таҷдиди ҳамаҷониба дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт минбаъд низ ба сӯйи пеш ҳаракат карда, дар роҳи рушд ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум қуллаҳои навро фатҳ хоҳад кард”, – таъкид кардааст ӯ.

Таҳнияти президенти кишварҳои гуногун дар ин рӯз идома дорад ва сарони давлатҳо ба муносибати 70-умин солгарди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба дастгоҳи иҷроияаш паёмҳои шодбоширо ирсол менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.