Эмомалӣ Раҳмон ба Санкт-Петербург сафар кард

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар вохӯрии мазкур, ки ду рӯз пас аз таҷлили зодрӯзи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар рӯзи зодрӯзи президенти Русия Владимир Путин баргузор мегардад, иштироки сарони дигар кишварҳои аъзои ИДМ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки президенти ин кишвар Содир Ҷабборов аз сафар ба Санкт – Петербург даст кашидааст. Инро котиби матбуотии президенти Қирғизистон низ тасдиқ намуда гуфтааст, ки сабаби даст кашидан аз мулоқоти мазкур серкории президенти Қирғизистон мебошад.

Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар, дар назар аст, ки пас аз анҷоми мулоқоти расмӣ, маросими таҷлили зодрӯзи президентҳои ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баргузор гардад. Ҳамчунин, тақдими ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 ба Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд рӯз пеш аз ҷони президенти Русия Владимир Путин эҳдо гардид, низ дар назар дошта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон