Ба Мулло Ҳайдар Шарифзода бо “электрошокер” ҳамла кардаанд

Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, як ҷавон ба ӯ бо "элеткрошокер" ҳамла кард, вале ангезааш маълум нест. Маъмурони милиса ҳодисаро тасдиқ карда, дар айни ҳол гуфтанд, ки ҳамлавар бемори рӯҳист. Дар ин бора сомонаи сentralasian.org хабар медиҳад. Шарифзодаи 76-сола имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ […]

Сentralasian.org

Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, як ҷавон ба ӯ бо "элеткрошокер" ҳамла кард, вале ангезааш маълум нест. Маъмурони милиса ҳодисаро тасдиқ карда, дар айни ҳол гуфтанд, ки ҳамлавар бемори рӯҳист. Дар ин бора сомонаи сentralasian.org хабар медиҳад.

Шарифзодаи 76-сола имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта ва ҳангоми хондани намози ҷаноза рӯй дод.

"Ҷавон дар паси ман будааст, вале фикр мекунам, танҳо набуд. Вай бо "электрошокер" зад. Ҳамроҳонаш аз дасти ӯ гирифта, ишора карданд, ки бигурезад. Гуфтам, кордор нашавед, паноҳаш ба Худо," – нақл кард ӯ.

Дар идораи милисаи Кӯлоб гуфтанд, ҳувият ё шахсияти ҳамлаварро маълум карданд ва ӯ гирифтори бемории равонӣ аст. Аз ин бештар ҷузъиёт надоданд. Маълум нест, қазия бо ҳамин пӯшида шудааст ё таҳқиқ идома хоҳад кард. Дар ҳоле ки Шарифзода иддао дорад, ки "ҳамлавар танҳо набуд".

Мулло Ҳайдар Шарифзода гуфт, пайвандони ҷавон ба назди ӯ ҳам рафта маъзарат хостанд ва чун осеби ҷиддӣ надида буд, "аз гуноҳаш гузашт". Ҳамзамон бим дорад, ки ҷавон ба дигарон осеб нарасонад.

Ин рӯҳониро дар минтақаи Кӯлоб бо мавъизаҳои баҳсбарангезаш мешиносанд. Худаш мегӯяд, ҳадафаш танҳо тарбияи ҷомеа аст, на чизи дигар.

"Ман ба касе кор надорам. Мардумро насиҳат мекунаму роҳи ростро нишон медиҳам, бас. Ба ягон кас душманӣ надорам. Ҳаққи касеро нахӯрдаам, касеро дашном надодаам. Дар ин ҳодиса чизеро намефаҳмам," – афзуд ӯ рӯзи 6-уми октябр.

Шарифзода дар солҳои 90-ум узви Шӯрои олии Тоҷикистон буд ва дар гирудорҳои дохилӣ низ ширкати фаъол дошту аз тарафдорони ҳукумати феълӣ ба шумор мерафт.

Солҳои охир агарчи аз сиёсат канор рафтааст, номаш чанд дафъа дар пайванд ба изҳороташ дар бораи иштироки ҷавонон дар ҷанги Ироқу Сурия, ташкили китобхонаву кам кардани масҷидҳо ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистону сӯхтори хонааш дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.