Қариб мисли Дубай. Муаррифии нақшаи сохтмони иншооти соҳили Сирдарё

Дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии нақшаҳои муфассали сохтмони зиёда аз 100 иншооти гуногун баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар саҳифаи расмии худ дар Facebook хабар медиҳад. Сохтмони иншооти мазкур ҳоло оғоз нашудааст. Гуфта мешавад, нақшаи сохтмони иншооти нав ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муаррифӣ шуд. Онҳо […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии нақшаҳои муфассали сохтмони зиёда аз 100 иншооти гуногун баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар саҳифаи расмии худ дар Facebook хабар медиҳад. Сохтмони иншооти мазкур ҳоло оғоз нашудааст.

Гуфта мешавад, нақшаи сохтмони иншооти нав ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муаррифӣ шуд.

Онҳо бо лиҳаҳои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сирдарё, Гагарин ва Истиқлол бунёд мешаванд, шинос шуданд.

Ба масъулини шаҳрсозӣ, ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ ва ба инобат гирифтану сохтани он бо зеббахшии санъати меъмории миллӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар маросими муаррифӣ зикр шуд, ки тарҳи биноҳо аз даромади шаҳр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ мутобиқ ба нақшаи генералӣ тартиб дода шудаааст, Аз ҷумла дар мавзеи варзишгоҳи «Спартак» нақшаи муфассали ҷойгиршавии 21 адад биноҳои 16 ошёна бо назардошти муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию тафреҳӣ муаррифӣ карда шуд.

Аз буриши кӯчаҳои Шарқу Гагарин ва буриши кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ в Гагарин нақшаи муфассали бунёди силсиламаҷмааи ширкати ватании «Элит сохтмон» муаррифӣ карда шуд, ки бо тарҳи муосир ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд силсилаи биноҳои баландошёнаи замонавӣ, иншооти варзишӣ меҳмонхонаҳо, марказҳои савдою тиҷорат сохта мешавад.

Ҳамчунин лоиҳаҳои якчанд муассисаҳои маориф, аз ҷумла мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоишон кам низ  муаррифӣ карда шуданд.

Зикр мегардад, ки дар қаламрави сохтмони иншооти нав васеъкунии роҳу ободонии худи қаламрав, чароғонкунии кӯча, кабудизоркунии муҳити атроф ва назардошти талаботи шабакаҳои коммуналӣ ба инобат гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.