Идомаи таниши лафзӣ. Вокуниши Қирғизистон ба изҳороти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Дирӯз, 20-уми октябр, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд бо нашри изҳорот, ҷониби Қирғизистонро ба иғвоангезӣ ва шиддатнок намудани вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ гунаҳкор намуд. Шоми дирӯз ҷониби Қирғизистон ҳам дар як вокуниши худ даъвои ҷониби Тоҷикистонро рад карда, гуфт, ки “ҷониби Тоҷикистон талош дорад тамоми кушишҳои худ барои тақвияти марзро ба марзбонони […]

Дирӯз, 20-уми октябр, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд бо нашри изҳорот, ҷониби Қирғизистонро ба иғвоангезӣ ва шиддатнок намудани вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ гунаҳкор намуд. Шоми дирӯз ҷониби Қирғизистон ҳам дар як вокуниши худ даъвои ҷониби Тоҷикистонро рад карда, гуфт, ки “ҷониби Тоҷикистон талош дорад тамоми кушишҳои худ барои тақвияти марзро ба марзбонони қирғиз рабт диҳад”.

Дар изҳороти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба тафсил гуфта мешавад, ки “сарфи назар аз тавофуқоти тибқи Протоколи № 42 аз 25 сентябри соли 2022 ҳосилшуда, ҷониби Қирғизистон ба амалҳои иғвоангезона даст зада, ҳадафаш шиддатнок намудани вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошад”.

Ҷониби Тоҷикистон амалҳои моҷароҷӯёнаи шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон, ки ба ноором сохтани вазъ нигаронида шудаанд, омода намудани камингоҳҳои оташфишонӣ, сохтани хандақҳо, идома додани интиқоли техникаи иловагии ҳарбӣ ва мунтазам вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро далели равшани нақшаҳои бадхоҳонаи ҷониби Қирғизистон номидааст.

Паҳбод, техникаи вазнини низомӣ ва хандақҳо дар марз

Гуфта мешавад, ки аз 26 сентябр то 15 октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд 13 маротиба ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карданд.

“Сарфи назар аз созишномаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо ҷониби Қирғизистон, бар хилофи муқаррароти Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022 далелҳои интиқоли техникаи ҳарбӣ, силоҳи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомӣ ба минтақаҳои марзӣ ба қайд гирифта шудаанд”,- зикр гардидааст дар изҳороти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд.

Дар изҳороти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд далелҳои зиёди иғвоангезии ҷониби Қирғизистон зикр гардида, аз ҳолатҳои интиқоли мошинҳои зиреҳпӯши низомӣ ва ҷойгир кардани онҳо дар маҳаллаҳои наздисарҳадӣ, кандани хандақҳо, ташкили дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ҷойгиркунии вагонҳо барои зисти низомиён, ташкили постгоҳҳои милитсия ва омодасозии мавқеи ҷангии оҳану бетонӣ аз тарафи Қирғизистон изҳорӣ нигаронӣ шудааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ҳолатҳои тез-тез баргузор намудани машқҳои ҳарбӣ шаҳодати он аст, ки ҷониби Қирғизистон нақшаҳои хасмона дорад.

Ҷанги иттилоотӣ ва барангезии адовати миллӣ

“Дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳуҷумҳои иттилоотӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Вақтҳои охир ВАО-и Қирғизистон дар бораи ҳавопаймоҳои бесарнишини ба тозагӣ харидоринамуда ва озмоиши бесарнишинҳои истеҳсоли худӣ пайваста мавод паҳн менамоянд” – таъкид мешавад дар изҳорот.

Илова бар ин, сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Қирғизистон “мунтазам ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва мошинҳои онҳо ҳамла карда, ягона роҳи мошингардро ҷониби Ворух мебанданд ва ҳаракати 45 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро маҳдуд менамоянд, ҳуқуқҳояшонро поймол карда, онҳоро аз олами беруна ҷудо месозанд”.

Ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон истифода шудани норинҷак, оташ задан ва сангборон кардани хонаҳои сокинони осоиштаи Тоҷикистон, истифодаи зӯриву таҳдид нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамла ва сангборони мошинҳо, таҳрик додан ба муноқиша, бастани роҳ ва тафтиши ғайриқонунии мошини сокинон низ сабт шудааст.

“Далелҳои дар боло зикршуда исботи бевоситаи амалҳои мақсадноки ҷониби Қирғизистон аст, ки ба мураккаб намудани вазъият, таҳрики дубора ба даргириҳои нави мусаллаҳона дар минтақаҳои марзӣ, инчунин барангехтани адовати миллӣ нигаронида шудаанд”, – зикр мегардад дар изҳороти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд.

Дар охири изҳороти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки Тоҷикистон “созиши ҳосилшуда оид ба масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзиро қатъан риоя мекунад” ва аз роҳбарияти низомии Қирғизистон даъват намудааст, ки “амалҳои иғвоангезеро, ки боиси даргириҳои мусаллаҳона мегарданд, пешгирӣ намуда, ҷиҳати татбиқи протоколҳои имзошуда ва таъмини ҳаёти осоишта дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои заруриро андешанд”.

Изҳороти Қирғизистон

Неруҳои марзбонии Қирғизистон бегоҳии 19-уми октябр ба изҳороти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд вокуниш кард ва гуфт “ҷониби Тоҷикистон талош дорад тамоми кушишҳои худ барои тақвияти марзро ба марзбонони қирғиз рабт диҳад".

Ҷониби Қирғизистон вобаста ба даъвои Тоҷикистон оид ба убури ғайриқонунии паҳбодҳо гуфтаас, ки “баъд аз 25 сентябр 10 ҳолати вуруди паҳподҳои Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистонро сабт кардааст”.

Ҳамин тавр, дар изҳороти ҷониби Қирғизистон далелҳои пешниҳодкардаи Тоҷикистон рад шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии сарҳад миёни ҳам баҳс доранд ва сари ҳар чанд вақт ин боис ба муноқишаи мусаллаҳона низ мегардад. Охирин муноқишаи марзӣ, ки 16-17-уми сентябр сар зад, боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид.

Бо вуҷуди созишномае, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзии тунд дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар давом дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.