Эмомалӣ Раҳмон ва Никол Пашинян ҳамдигарро табрик гуфтанд

Имрӯз, 21 октябр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар бо ирсоли барқия табрик намуданд. Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян аз ҷараёни инкишофи муносибатҳои дӯстӣ миёни кишварҳо қаноатмандӣ шудааст. […]

Asia-Plus

Имрӯз, 21 октябр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар бо ирсоли барқия табрик намуданд.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян аз ҷараёни инкишофи муносибатҳои дӯстӣ миёни кишварҳо қаноатмандӣ шудааст.

“Алоқаманди густариши рӯзафзун ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо Арманистон, ки бо он моро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд, ҳастем. Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак муносибатҳои созандаи мо ба нафъи мардумонамон боз ҳам таҳкими бештар хоҳанд ёфт”, – гуфта мешавад дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон.

Дар барқияи табрикии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавал, ки тайии се даҳсолаи гузашта муносибатҳои байни кишварҳои мо дар асоси устувори анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии мардумонамон рушд ёфтаанд.

“Итминон дорам, ки муносибатҳои кишварҳои мо иқтидори назаррас доранд ва истифодаи комили он имкон медиҳад, ки ҳамкории байнидавлатии Арманистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шаванд”, – зикр мегардад дар мактуби Никол Пашинян.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Арманистон қаблан дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштанд ва пас аз барҳамхӯрии ин иттиҳод дар соли 1991 истиқлолияти худро эълон карданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.