Агрегати №1-и НБО “Норак” таъмир шуд. Лимит бардошта мешавад?

Имрӯз, 24-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО “Норак”-ро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода додааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, агрегати мазкур бо тавоноии 375 МВт мавриди истифода қарор гирифт ва фаъолияти он аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани танга санҷида шуд, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 24-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО “Норак”-ро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода додааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, агрегати мазкур бо тавоноии 375 МВт мавриди истифода қарор гирифт ва фаъолияти он аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани танга санҷида шуд, ки ба талабот ҷавобгӯ аст.

Ҳамин тавр, раисиҷумҳур бо рафти татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти гидроэнергетикӣ, ки аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд, шинос шудааст.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи мазкур ду марҳиларо дар бар мегирад ва дар марҳилаи аввал 3 агрегат ва дар марҳилаи дуюм 6 агрегат бо таҷҳизоти асосӣ ва ëрирасон таҷдид карда мешавад.

“Дар ин замина таҷҳизоти эҳтиëҷоти хусусии нерӯгоҳ, 3 ҳалқаи барқии маҷмӯи зеризаминӣ, дарбандҳои куравӣ, пойгоҳҳо, низоми идора ва назорати нерӯгоҳ пурра таҷдид шуда, 27 крани борбардор ва лифтҳо иваз карда мешаванд”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Манбаъ меафзояд, агрегати №1-и нерӯгоҳро пурра таҷдид намудаанд ва давоми се моҳи охир дар озмоиши истифодабарӣ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, ҳоло таҷзияи агрегати №4-и ин неругоҳ идома дорад. Корҳои зиддизангзании дарбанди агрегатҳои рақами 2, 4, 5, 6, 8 ва 9 ҳам аллакай ба анҷом расонида, чунин корҳо дар агрегати №3 давом меëбад.

Ин дар ҳолест, ки дар мавсими тирамоҳ ва зимистон дар чандсолаи ахир дар манотиқ ва навоҳии кишвар “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад. Дар соли равон низ аз ахири моҳи сентябр дар минтақаҳои гуногуни кишвар интиқоли нерӯи барқ маҳдуд мегардад.

“Барқи тоҷик” ин бор ҳам гуфт, “дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмирӣ гузаронида мешаванд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.