Рӯйхати кӯчаву хиёбон. Дар Душанбе боз якшабонарӯз оби нӯшокӣ қатъ мешавад

Шаҳрдории Душанбе аз интиқоли оби нӯшокӣ дар бархе аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт хабар дод. Ин ниҳод гуфт, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00-и рӯзи 25-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 26-уми октябри соли 2022 қатъ мегардад. Ин ниҳод гуфт, қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5-уми октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе аз интиқоли оби нӯшокӣ дар бархе аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт хабар дод. Ин ниҳод гуфт, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00-и рӯзи 25-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 26-уми октябри соли 2022 қатъ мегардад.

Ин ниҳод гуфт, қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5-уми октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» тасдиқ шудааст.

Дар бораи сабаби қатъи оби нӯшокӣ хабар дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мегуфтанд, сабаби қатъи оби нӯшокӣ дар пойтахт таъмири қубурҳо аст.

Манбаъ афзуд, интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳракҳои 42, 43, 46, 62, 64 ва 65, маҳаллаҳои Сомон ва Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад, Фирдавсӣ ва Неъмат. Қарабоев (аз 34 то 86/3), ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, шаҳракҳои 32, 33, 52, 53 ва 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф, А. Қаҳҳорӣ, П. Сулаймоӣ, Тургенев, Р. Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ ва шаҳраки Севостопол аз соати 23-00 рӯзи 25 октябр то соати 24-00 рӯзи 26 октябри соли 2022 қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз шаҳрвандони хоҳиш кард, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз соати 23:00-и рӯзи 19-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 20-уми октябр низ дар баъзе ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт як шабонарӯз об қатъ гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.