Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати нақлиёт боз аст

Date:

Роҳи Душанбе – Чаноқ кушода буда, ҳаракати нақлиёт имконпазир аст, хабар дода мешавад дар саҳифаи ширкати "IRS" дар Facebook.

Ин ширкат, ки нигоҳубинии роҳи мазкурро ба ӯҳда дорад гуфтааст барои гузариши "Фура"ва автомобилҳои боркаши ядакдор (притеспдор) муваққатан маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, имрӯз ҳам дар қаламрави кишвар обуҳавои номусоид боқӣ монда, боронҳои шадид метавонанд ба омадани сел, резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ боис шаванд.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ  маслиҳат нест.

Ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо  сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...