Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати нақлиёт боз аст

Роҳи Душанбе – Чаноқ кушода буда, ҳаракати нақлиёт имконпазир аст, хабар дода мешавад дар саҳифаи ширкати "IRS" дар Facebook. Ин ширкат, ки нигоҳубинии роҳи мазкурро ба ӯҳда дорад гуфтааст барои гузариши "Фура"ва автомобилҳои боркаши ядакдор (притеспдор) муваққатан маҳдудият ҷорӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, имрӯз ҳам дар қаламрави кишвар […]

Роҳи Душанбе – Чаноқ кушода буда, ҳаракати нақлиёт имконпазир аст, хабар дода мешавад дар саҳифаи ширкати "IRS" дар Facebook.

Ин ширкат, ки нигоҳубинии роҳи мазкурро ба ӯҳда дорад гуфтааст барои гузариши "Фура"ва автомобилҳои боркаши ядакдор (притеспдор) муваққатан маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, имрӯз ҳам дар қаламрави кишвар обуҳавои номусоид боқӣ монда, боронҳои шадид метавонанд ба омадани сел, резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ боис шаванд.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ  маслиҳат нест.

Ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо  сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.