Шоиронро насупоред набӯсида ба хок…

Агар умр вафо мекард, имрӯз Бозор Собир 83-сола мешуд, аммо ӯ чаҳор сол қабл дар синни 79-солагӣ дунёро падруд гуфт. Ин наворҳо ҳам аввалин таҷлили ҷашни зодрӯзи Бозор Собир бидуни иштироки худаш аст, ки ҳоло бознашр мекунем. Яке аз шеърҳои машҳури Бозор Собир – “Забони модарӣ”, ки солҳои 1980-ум эҷод шудааст, дар худ ормонҳои миллати […]

Asia-Plus

Агар умр вафо мекард, имрӯз Бозор Собир 83-сола мешуд, аммо ӯ чаҳор сол қабл дар синни 79-солагӣ дунёро падруд гуфт. Ин наворҳо ҳам аввалин таҷлили ҷашни зодрӯзи Бозор Собир бидуни иштироки худаш аст, ки ҳоло бознашр мекунем.

Яке аз шеърҳои машҳури Бозор Собир – “Забони модарӣ”, ки солҳои 1980-ум эҷод шудааст, дар худ ормонҳои миллати тоҷикро таҷассум карда, Бозор Собирро яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷик намудааст.  Баъдтар, дар оғози ҷунбиши бедорӣ ва даъвоҳои мақоми расмӣ додан ба забони тоҷикӣ ин шеъри Бозор Собир ба шиор табдил ёфт.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Адабиётшиносон Бозор Собирро аз шоирони насли нави адабиёти тоҷик медонанд, ки дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Охири солҳои 80-ум ба сиёсат пайваст ва соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1993 9 моҳ зиндонӣ шуд ва пас аз раҳоӣ ба Маскав ва аз онҷо ба Амрико кӯчид.

Соли 2013 бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Ҳар сари чанд вақт ба Амрико барои дидорбинии пайвандонаш мерафт.

Паз чанд муддати беморӣ 1 майи соли 2018 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Амрико аз олам гузашт ва тобути ӯ ба ватан оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.