Дар Тоҷикистон иди нав пайдо шуд – «Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ»

Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, мувофиқи лоиҳа ба моддаи 2-и қонун сархати 24-ум илова гардида, тибқи он, минбаъд 6 май ҳамчун «Рӯзи кормандони соҳаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ки дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, мувофиқи лоиҳа ба моддаи 2-и қонун сархати 24-ум илова гардида, тибқи он, минбаъд 6 май ҳамчун «Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда мешавад.

“Дар ин замина, муайян намудани рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор кормандони соҳаҳои касбу кори гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд”, – омадааст дар хабар.

Чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад. Барои ин чорабиниҳо то соли 2026 ба сурати умум ҷудо гардидани ҳудуди 15,6 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо аз Буҷети давлатӣ ва “дигар сарчашмаҳо” ҷудо карда мешаванд.

Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ 86-умин иди расмӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Аз ҳамаи 86 рӯзҳои иди расмӣ танҳо дар 9-тоаш рӯзҳои истироҳат эълон шудааст:

1 январ – Соли нав;

–  8 март – Рӯзи модар;

21-24 март – Ҷашни байнулмилалии Наврӯз;

9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

9 сентябр – Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон (ҳар сол аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба умури дин муқаррар карда мешавад).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.