Тарҷумаҳои русии “Шоҳнома” таҳқиқ шуд

Абдурашид Самадов, адабиётшиноси шинохта, китоби ҳамосаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдасиро дар тарҷумаҳои забони русӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, китоби нави худро таҳти унвони ““Шоҳнома” дар Русия” ба табъ расонидааст. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар китоб оид ба таърихи тарҷумаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдасӣ ба забони русӣ сухан меравад. Муаллиф дар мақолаҳои […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Абдурашид Самадов, адабиётшиноси шинохта, китоби ҳамосаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдасиро дар тарҷумаҳои забони русӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, китоби нави худро таҳти унвони ““Шоҳнома” дар Русия” ба табъ расонидааст. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар китоб оид ба таърихи тарҷумаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдасӣ ба забони русӣ сухан меравад. Муаллиф дар мақолаҳои ҷудогона аз таърихи тарҷумаҳои “Шоҳнома” аз ҷониби Л.Пенковский, В.Жуковский, М.Зотов, С.М.Соколов, М.Лозинский, В.Державин, И.Селвинский, В.Левик, К.Липскеров, Е.Звягинсева, С. Липкин, Р.Ашкинадзе ва С.Б. Бону – Лоҳутӣ ҳарф зада, нақши Бонуро дар иҷрои ин амр бориз ва тарҷумаи ӯро намунаи муваффақ арзёбӣ кардааст.

Китоби мазкур аз бобҳои ““Шоҳнома” дар сарзамини рус”, “Ситсилия Бону – Лоҳутӣ ва соярӯшанҳои тарҷумаи “Шоҳнома” ба забони русӣ”, ““Шоҳнома” ва шоҳномапажӯҳон”, “Ҷусторҳо дар “Шоҳнома”” иборат аст. Инчунин, китоби мазкур 18 зербоби дигарро дар бар мегирад.

Сарсухани ““Шоҳнома” дар Русия”-ро Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшинос ва узви вобастаи АМИТ, навишта, гуфтааст, “асари А. Самадов дорои маводи фаровон, мушоҳидаву мулоҳизаҳои ҷолиб ва андешаҳои амиқи илмӣ буда, иқдоми муҳимме дар шинохти “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва робитаҳои адабӣ ба шумор меравад”.

Дар ин асари таҳқиқотӣ саҳми бузургу мондагори Ситсилия Бону дар тарҷумаи “Шоҳнома” мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифта, зикр шудааст, ки ин пажӯҳишгар бо маслиҳату машварати Абулқосим Лоҳутӣ ба тарҷумаи ҳамоса машғул шуда, тақрибан 50 соли умрашро ба ҷодаи пурифтихори илм бахшидаааст.

Ёдовар мешавем, ки Абдурашид Самадов пажӯҳишгар ва тарҷумони шинохта буда, муаллифи китобҳои “Анварӣ”, “Инсони комил” ва “Гулназарнома” мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.