Дар Боғи Ғалабаи Душанбе зиёда аз 58 ҳазор дарахт мешинонанд

Дар қаламрави Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе 58 ҳазору 163 адад дарахт шинонида мешавад. Тавре ки дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мавзеи мазкур шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи дарахтон дар ноҳияҳои гуногуни кишвар парвариш карда шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ин иқдом […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар қаламрави Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе 58 ҳазору 163 адад дарахт шинонида мешавад.

Тавре ки дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мавзеи мазкур шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи дарахтон дар ноҳияҳои гуногуни кишвар парвариш карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом то баҳори соли 2023 дар доираи мавсими ниҳолшинонӣ сурат мегирад. Чуқуриҳо барои шинонидани ниҳолҳои ба иқлими мавзеи мазкур мувофиқ омода карда шудаанд.

“Мутобиқ ба дастури мутахассисони соҳа ва дендрологҳо шинонидани ниҳоли дарахтон дар ин мавзеъ дар 1 га дар масофаи 3х3 м амалӣ карда шуда, нигоҳубини дарахтони шинонидашуда тӯли як сол ба зиммаи сохторҳои дахлдор вогузошта мешавад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар муддати 2 соли охир дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар талу теппаҳои маҳаллаи Сари осиё, Лучоб ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ шинонида шуд, ки айни ҳол дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ, чанде пеш дар доираи Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва ҳукумати Корея моҳи июли соли 2020 оғоз гардида, то моҳи августи соли 2023 фаъолият менамояд. Дар назар аст, ки то мавсими баҳори соли 2023 дар ин мавзеъ боз дар майдони 100 гектар саксаул шинонида шавад.

Саксаулро дар ин мавзеъ бо мақсади ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чангу ғубор, инчуин мустақҳкам кардани хок мешинонанд. Саксаул ба хушксолӣ, гармои тоқатфарсо ва хоки шӯр тобовар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.